ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ ПРОКУРОРИ ВИЛОЯТ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲР

.

21-уми октябр, тибқи нақшаи кории покуратураи вилояти Хатлон, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо масъулини Мақомоти иҷроия, роҳбарону намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, ходимони дин ва фаъолони шаҳр, вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлия дараҷаи 1-Назарзода Авазҷон Нарзулоҷон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, прокурори шаҳр, мушовири адлия дараҷаи 1-Зоирзода Комилҷон, сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид, намояндагони дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло дигар роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва фаъолон иштирок намуданд.

Вохӯрӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи Соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» баргузор гардид.

Прокурори вилоят-Назарзода Авазҷон Нарзуллоҷон дар оғоз тамоми иштирокдоронро бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Сипас дар ҳошияи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Левакант, сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, масъулини соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ вобаста ба мазмуну муҳтавои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», баррасии муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Мақомоти иҷроия ва тамоми ташкилоту кохонаҳо дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра фаро гирифтани таълимгирандагон ба таҳсил, пешгирии таълимоти ғайриқонунии диннӣ, хурофотпарастӣ, пешгирии раванди шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тундгаро ва иртиҷоӣ, арҷгузори ба арзишҳои миллӣ, гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ ва тарзи зиндагии шоиста ибрози назар намуд. Ӯ ҳамчунин баҳри пешгирии тамоми қонуншиканиҳо, ҳуқуқвайронкунию омилҳои номатлуб ба сохторҳои марбута супоришҳои мушахас дода таъкид намуд, ки ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бедор кардини ҳисси миллии онҳо ва пешгирии ҷавон аз омилҳои номатлуб ҳар як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадор аст.

Инчунин Прокурори вилоят-Назарзода Авазҷон аз ҳар як иштирокчи даъват ба амал овард, ки дар пешгирии ҷиноят бетарафи зоҳир накарда алалхусус ба прокуратура ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамоҳанги намоянду, саҳми худро баҳри сохтани ҷомеаи солим гузоранд.

Боиси зикр аст, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мулоқот ва суҳбату вохӯриҳо аз тарафи сохторҳои марбута нақши бағоят муҳим мебозанд.