ЛЕВАКАНТ: САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ
Имрӯз санаи 15 октябри соли ҷорӣ вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант вобаста ба ҳадафи чоруми миллӣ яъне саноатикунонии босуръати кишвар, бо аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСК “АЗОТ”, доир гардид.
Аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз қарор доштан масъулияти моро нисбати ҳифзу нигоҳдорӣ ва устуворсозии пояҳои асосии он дучанд зиёд месозад. Дар ин росто мо бояд ба комёбиҳои дар ин замон бадастомада назаре дошта бошем, ки то кадом андоза тавонистем дар баробари истиқлолияти сиёсӣ, инчунин, истиқлолияти иқтисодии кишварро низ аз ҳисоби рушди соҳаҳои пешбар, махсусан саноат, таъмин карда тавонистаем. Новобаста аз он ки дар ибтидои солҳои мустақилият мушкилиҳо буданд, аммо то имрӯз, натиҷаҳо дар ин самт назаррас ва хурсандибахшанд.
Нақш ва аҳамияти соҳаи саноатро дар рушди иқтисодиёти миллӣ муҳим шуморида, Пешвои муаззами миллат чунин пешниҳод намуданд: “Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.”
Айни замон барои саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар ин самт «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дар асоси он «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025», «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» ва дигар барномаҳои соҳавӣ амалӣ гардида истодаанд.
Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатноки саноати ватанӣ, таъсиси корхона ва коргоҳҳои нав, ташкили ҷойҳои нави кор мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.
Хотиррасон мешавем, ки ҶСК “АЗОТ”-и шаҳри Левакант яке аз корхонаҳои калони саноатии нуриҳои минералӣ натанҳо дар дохили мамлакат балки дар Осиёи миёна низ ба ҳисоб меравад, ҳамасола зиёда аз 72000 тонна нуриҳои минералии “Карбамид” истеҳсол менамояд.