ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРӢ АЗ ХУДКУШӢ МИЁНИ ЗАНОН ВА ЧАВОНДУХТАРОН
Тибқи нақшаи кории Куимитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант тар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” вохӯри “оиди пешгирӣ аз худкӯши ва худсӯзӣ” миёни занон ва бонувон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Каниева Низора ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” иштирок ва суханрони намуданд,.
Зикр карданд, ки ҳаёт саросар аз пастию баландиҳо, нокомию комёбиҳо, хушҳолию ғамгиниҳо иборат аст ва инсон дар ин баҳри пурмоҷаро бояд тавассути ақлу заковат ва донишу маърифат шиноварӣ карда, ба соҳил саломат барояд. Ба гуфти мутахассисон дар зиндагӣ ҳадаф доштан муҳим аст, чунки инсони беҳадаф маънии зиндагиро дарк карда наметавонад. Агар аз шахси ба ҷони худ қасдкарда пурсида шавад, ки чаро ба ин кор даст мезанад, ҷавобаш ҳамин мешавад, ки зиндагӣ барои ӯ дигар маъно надорад. Аз ин рӯ, бояд дар зиндагӣ дорои ҳадафи хеш бошем. барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои худкушӣ мо бояд муҳити солими психологиро чӣ дар оила, чӣ дар мактаб ва чӣ дар ҷомеа ба вуҷуд биёрем. “Имрӯз волидон бояд барои таълиму тарбияи фарзандони худ донишҳои замонавӣ дошта бошанд. Зеро баъзан худи волидайн боис мегардад, то кӯдак даст ба ин амали нохуб занад. Имрӯз донишҳои нави замонавии таълимию тарбиявии психологиро бояд ҳар як нафар аҳли ҷомеа дошта бошад,
Ҳар мушкилоту нофаҳмие, ки дар зиндагӣ бо он рӯ ба рӯ мешавем, ҳатман роҳи ҳалли худро дораду тавассути ақлу хирад онро метавон бартараф сохт. Пас, дар ҳама ҳолат бояд бо андешаи солим роҳи барканор сохтани мушкилоти ҳаётро дарёбему аз ҳама амалҳои зишт, ки оқибаташ пушаймонӣ ва ҳатто марг аст, худдорӣ намоем ва ҳаёти худро барбод надиҳем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда ба якчанд нафар аъзоёне ки тоза аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.