ЛЕВАКАНТ: ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!
Шаҳодатномаи ҳизбӣ яке аз ҳуҷҷати асосии ҳар як аъзои ҳизб ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар як аъзои ҳизб барои тозаву озода ва бо тартибу низоми муайян нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ масъул аст.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ориёнбонк”-и шаҳри Левакант масъулини Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб бо қарори ташкилоти ибтидоии “Ориёнбонк ” ҷиҳати аъзо шудан ба сафи ҳизб кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур пешниҳод гардид. Кумитаи иҷроияи Ҳихби Халқии Демократии Тоқикистон дар шаҳри Левакант бо қарори ташкилоти ибтидоӣ оиди қабул ба сафи ҳизбро ба расмият дароварда ба оъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуд.