ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ВОХУРИИ СУДМАНД БО ХОАНДАГОН ДАР МАВЗӮҲОИ МУБРАМ
Тибқи нашкшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Левакант вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроия бо хонандагони зинаи сеюм, доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ масъулин бо хоандагон дар мавзӯҳои мубрам вобаста ба:
1.Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар моҳи охир;
2.Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025;
3.Эҳтиром гузоштан ба калонсолн;
4.Риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”" сӯҳбат намуданд.
Аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.
Бояд қайд намуд, ки зуд-зуд баргузории вохӯрӣ бо хоандагон дар вуҷуди онҳо ҳувияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро бедор менамояд.