ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “НИГИНА”
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр - Каниева Низора, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нигина”-и шаҳр бо иштироки васеъи аъзои ҳизб вохӯри доир намуданд. Дар вохӯри масъули Кумитаи иҷроия оид ба масъалаҳои терроризм ва экстромизм, шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила ичунин таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рӯ наовардан ба фарҳанги бегона, тарғиби либоси миллӣ аз ҷониби занону бонувон мавриди баррасӣ қарор дошта шуд.
Ҳамчунин зимни вохӯри мавсуф қайд кард, ки ҷилавгирӣ аз тақлиду пайравӣ ба фарҳанги бегона, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи самарабахши қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, захираи маводи озуқа, омодагӣ ба фасли зимистон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз ҷумлаи мавзуъҳои мубрами рӯз ба шумор рафта, риояву иҷроиши он вазифаи аввалиндараҷаи мо занону бонувон мебошад.
Дар охир аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба як чанд нафар аъзоҳое, ки аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нигина" тоза ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, тақдим карда шуд.