Семинар машварат дар мавзуи "Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси Норасоии Масунияти Одам ва Бемории Пайдошудаи Норасоии Масуният"
Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотнокӣ оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО, дар байни кормандони соҳаи тибб, санаи 15 октябри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи беморхонаи марказии ш. Левакант аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант барои кормандони КАТС и ш. Левакант, семинар машварат "Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси Норасоии Масунияти Одам ва Бемории Пайдошудаи Норасоии Масуният" дар ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 гузаронида шуд. Семинар машварат бо тарзи озод дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИСТОН”
Имрӯз 15-уми октябр, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳҳи корӣ иборат аз раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, аъзои фаъоли Ташкилот-полковник Мастов Абдулҳаким, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода бо сокинони деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти “Гулистон” вохӯрӣ намуданд.