БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

.

Чанд рӯзе қабл тавассути хабаргузории сомонањои нањзатї  аз ҷониби муаллифи гумном Сиддиқи Акбар роҷеъ  ба як ҷузъиёти сафари давлатии Роњбари кишварамон ба Ҷопон маводи муғризона ва бадхоҳонае  интишор дода шуд.  Дар ин мавод рӯзноманигор  бидуни эътибор ба муқаррароту меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ ва ҳатто бидуни риояи ҳадди одоби инсонӣ аз камоли баддиливу бадниятӣ иттилоотро оид ба садамаи як мошини корвон (кортеж)-и мошинҳои Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Токио куллан таҳриф дода онро хушхабар унвон додааст ва дар зимн гуфтааст, ки гӯё мардуми  Тоҷикистон бо шунидани хабари ба садамаи фоҷеабор дучор шудани сарвари худ хушҳол шудаанд. Баъдан ин рӯзноманигор, ки бо интишори ин ахбори дурӯғу ғайриинсонии худ солимақл  будани хешро зери суол бурдааст, бо камоли беадабӣ дар ҳаққи раҳбари кишвари мо носазо гуфта талош кардааст, ки нақши Пешворо дар ҷомеаи мо манфӣ арзёбӣ кунад. Аммо ин рӯзноманигори ҳарзагӯ, ки барои таҳқиру тавҳинаш нисбат ба Пешвою Қаҳрамони миллат ва Президенти кишвар ҳатман бояд муҷозот шавад, фаромӯш кардааст, ки Пешвои  миллї будани Эмомалї Рањмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як љойгоњ ва мақоми волоест, ки онро мардум ба раҳбари қаҳрамони хеш сазовор донистааст. 

Ин хабарнигори бехабар аз ҳақиқати таърихи муосири тоҷикон бояд бидонад, ки маҳз Эмомалї  Рањмон њамчун мубаллиғ ва пуштибони сулњу вањдати  миллї дар он замони бисёр ҳассос ва мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории  миллии тољиконро  аз вартаи нобудї наљот дод,  тамомияти арзии Тољикистонро  њамчун давлати ягона њифз кард, аркони  асосии сиёсї, идорї ва ќудратии давлатдории миллии моро барќарор намуд,  миллати тољикро  њамчун воњиди ягонаи сиёсию этнофарњангї эњё ва њифз кард, вањдати  миллиро дар Тољикистон бунёд гузошт ва  зерсохторњои зарурии  онро барќарор  намуд, сохти давлатї ва самти  сиёсии  давлатдории  тољиконро  дар замони муосир мушаххас кард, ба  барќарор   шудани  соњањои  асосии хољагии халќи мамлакат шароит  фароњам овард, Тољикистонро  њамчун давлати соњибистиќлол  дар арсаи  байналмилалї  муаррифї  намуд, мактаби давлатдории миллии муосири тољиконро њамчун  омили  кафолатдињандаи  рушд, амну субот ва љовидонагии давлатдории мо бунёд гузошт ва фарњангу арзишњои миллї ва симои як силсила абармардони арсаи таъриху сиёсат ва фарњанги миллатро эњё карда ба ташаккули рўњияи ягонаи миллї ва таќвияти хештаншиносиву ватанпарастї заминаи устувор гузошт.

         Ин хидматҳои Пешвои мо хидматҳои бисёр арзишманди таърихиест, ки онро миллати тоҷик ва таърихи миллати мо ҳамеша дар ёд хоҳад дошт. Ин нақши таърихиро ҳар хабарнигори бехабари ҳангомаҷӯ ва фурӯхташудаву хоин ҳаргиз наметавонад бо ҳарзагӯӣ ва ҳарфҳои пӯчи худ таҳриф кунад.

 

Хусрави Шерзод

 

 

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

.

Чанд рӯзе қабл тавассути хабаргузории сомонањои нањзатї  аз ҷониби муаллифи гумном Сиддиқи Акбар роҷеъ  ба як ҷузъиёти сафари давлатии Роњбари кишварамон ба Ҷопон маводи муғризона ва бадхоҳонае  интишор дода шуд.  Дар ин мавод рӯзноманигор  бидуни эътибор ба муқаррароту меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ ва ҳатто бидуни риояи ҳадди одоби инсонӣ аз камоли баддиливу бадниятӣ иттилоотро оид ба садамаи як мошини корвон (кортеж)-и мошинҳои Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Токио куллан таҳриф дода онро хушхабар унвон додааст ва дар зимн гуфтааст, ки гӯё мардуми  Тоҷикистон бо шунидани хабари ба садамаи фоҷеабор дучор шудани сарвари худ хушҳол шудаанд. Баъдан ин рӯзноманигор, ки бо интишори ин ахбори дурӯғу ғайриинсонии худ солимақл  будани хешро зери суол бурдааст, бо камоли беадабӣ дар ҳаққи раҳбари кишвари мо носазо гуфта талош кардааст, ки нақши Пешворо дар ҷомеаи мо манфӣ арзёбӣ кунад. Аммо ин рӯзноманигори ҳарзагӯ, ки барои таҳқиру тавҳинаш нисбат ба Пешвою Қаҳрамони миллат ва Президенти кишвар ҳатман бояд муҷозот шавад, фаромӯш кардааст, ки Пешвои  миллї будани Эмомалї Рањмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як љойгоњ ва мақоми волоест, ки онро мардум ба раҳбари қаҳрамони хеш сазовор донистааст. 

Ин хабарнигори бехабар аз ҳақиқати таърихи муосири тоҷикон бояд бидонад, ки маҳз Эмомалї  Рањмон њамчун мубаллиғ ва пуштибони сулњу вањдати  миллї дар он замони бисёр ҳассос ва мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории  миллии тољиконро  аз вартаи нобудї наљот дод,  тамомияти арзии Тољикистонро  њамчун давлати ягона њифз кард, аркони  асосии сиёсї, идорї ва ќудратии давлатдории миллии моро барќарор намуд,  миллати тољикро  њамчун воњиди ягонаи сиёсию этнофарњангї эњё ва њифз кард, вањдати  миллиро дар Тољикистон бунёд гузошт ва  зерсохторњои зарурии  онро барќарор  намуд, сохти давлатї ва самти  сиёсии  давлатдории  тољиконро  дар замони муосир мушаххас кард, ба  барќарор   шудани  соњањои  асосии хољагии халќи мамлакат шароит  фароњам овард, Тољикистонро  њамчун давлати соњибистиќлол  дар арсаи  байналмилалї  муаррифї  намуд, мактаби давлатдории миллии муосири тољиконро њамчун  омили  кафолатдињандаи  рушд, амну субот ва љовидонагии давлатдории мо бунёд гузошт ва фарњангу арзишњои миллї ва симои як силсила абармардони арсаи таъриху сиёсат ва фарњанги миллатро эњё карда ба ташаккули рўњияи ягонаи миллї ва таќвияти хештаншиносиву ватанпарастї заминаи устувор гузошт.

         Ин хидматҳои Пешвои мо хидматҳои бисёр арзишманди таърихиест, ки онро миллати тоҷик ва таърихи миллати мо ҳамеша дар ёд хоҳад дошт. Ин нақши таърихиро ҳар хабарнигори бехабари ҳангомаҷӯ ва фурӯхташудаву хоин ҳаргиз наметавонад бо ҳарзагӯӣ ва ҳарфҳои пӯчи худ таҳриф кунад.

 

Хусрави Шерзод

 

 

Мусоҳибаи  Мавҷуда  Соҳибназарова бар зарари бадахшониҳост

.

Дар сомонаи интернетии ифротии “Кимиёи саодат”, ки дар хизмати охундҳо ва ТТЭ ҲНИ мебошад, мусоҳибае бо Мавҷуда Соҳибназарова дар мавзуи Бадахшони Тоҷикистон нашр шудааст. Албатта наҳзатиҳо душманона мехостанд, ки дар ВМКБ ягон нооромие ба вуқуъ пайвандад. Чундиданд, ки инхоҳишашон нашуд, ба амалҳои  иғвобарангезо надаст мезананд. Мусоҳибаи мазкур яке аз чунин амалҳои душманонаи наҳзатиҳост. Мавҷуда Соҳибназарова, ки худро журналист меҳисобад, дар асл бо амалаш нишон дод, ки як шахси тангназар ва манфиатҷуест. Зеро дар Аврупо рафта, бо мақсади дарёфти қути лоямуте ба хизмати наҳзатиҳо камар бастааст ва имрӯз он чи ки мегуяду менависад танҳо баманфиати ҳамон террористонаст ва бар зарари мардуми кишвар, хусусан сокинони Бадахшон.

Дар аввали мусоҳиба ба таври сохтакорона саволҳое гузоштаанд, ки гуё расонаҳои мустақил ба Бадахшон дастрасӣ надошта бошанд. Мавҷуда Соҳибназарова изҳори ҳайронӣ мекунад, ки чаро вазъият ва мушкилиҳои ВМКБ то инвақт дар ВАО инъикос наёфтааст. Чунин ҳайронии вай нишонди ҳандаи онаст, ки худаш аз вазъияти Тоҷикистон ва хусусан Бадахшон тамоман бехабар аст ва ҳар чизе ки нахзатиҳо дар гушаш хонданд, ҳамонро мисли тутӣ такрор мекунад.  Зеро ба ҳама маълум аст, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаҳо ва дигар васоити ахбори умум вазъияти тамоми минтакаҳои кишварамон, аз ҷумла ВМКБ мунтазам инъикос меёбад. Дар хусуси мушкилиҳои ин минтақа, фаъолияти сохторҳои қудратӣ барои пешгирии амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор ва ҳифзи сарҳади давлатӣ мунтазам гузоришҳо ба воситаи телевизион намоиш дода мешаванд.Сабаби ҳами “хуфту хези” муллоҳоро хурдани Мавҷуда низ дарон аст, ки имрӯз резахури дастархони наҳзатиҳост.  

Чунин ба назар мерасад, ки Мавҷуда Соҳибназарова бо супориши роҳбарони ҲНИ ва ба таври махсус мардуми Бадахшонро ба шур овардан аст. Ё мумкин мусоҳибаро худи Сайидюнус таҳия карда аз номи вай нашр карда аст. Ба ҳар ҳол вай хонандагонро баиштибоҳ андохтанӣ шуда, дар мусоҳиба фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккилро ба ҳодисаҳо ва амалҳои майдаавбошӣ баробар мекунад. Амалҳои ҷиноятиро, ки ҷинояткорон анҷом медиҳанд, беинсофона ба мардуми ВМКБ нисбат додааст. Фаъолияти сохторҳои қудратиро барои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо нашармида “лашкаркашӣ” меномад. Бо туҳмату буҳтон тамоми гуноҳро ба сари кормандони мақомоти давлатӣ зада, чунин вонамуд мекунад, гуё дар онҳо ҷинояткорон умуман мавҷуд набошанд.  Вай ҳатто зидди фаъолияти неруҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ буда, дарро ба рӯйи террористони хориҷӣ боз карданӣ аст.

Мавҷуда Соҳибназарова руйи рост туҳмат мекунад, ки гуё мақомоти марбутаи кишвар мардуми ин вилоятро “криминал” ҳисобида бошанд. Ҳол он ки гап дар бораи гурӯҳҳои ҷиноятӣ мерафт. Аз ин сабаб вай бояд барои туҳматҳояш, аз ҷумла барои бо порахурӣ айбдор кардани сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳаммаслаку хизматгори террористони наҳзатӣ буданаш, инчунин барои барангехтани ихтилоф дар байни минтақаҳои кишварамон дар назди қонун ҷавоб гуяд.

         Дар мавриди қочоқи аслиҳа низ вай хонандагонро ба иштибоҳ бурданӣ шуда, дар хусуси интиқоли яроқ ба Толибон афсонабофӣ мекунад. Ҳол он ки гап танҳо сари аслиҳае меравад, ки дар дасти ҷинояткорон аст ва бо он бар зидди мардуми ҳамин вилоят ҷиноятҳо содир карда мешаванд. Яъне мақсади Ҳукумат ҳифзи худи бадахшониҳо аз ҷинояткорон аст, на чизи дигар. Масъалаҳои марбут ба Толибону Афғонистон ва дигар мавзуҳои глобалӣ бошанд, бе Мавҷуда ҳам ҳал мешаванд.

         Мавҷуда Соҳибназарова аз ақлу дониши худ хеле бештар гап зада, фаъолияти ободкоронаю созандаи Роҳбарияти давлатро дар ВМКБ нодида мегирад. Аммо ба фарқ аз вай мардуми шарифи Бадахшон талошҳои Сарвари давлатро барои пешрафти вилоят хуб дарк мекунанд ва ба қадри он мерасанд. Сокинони вилоят мефаҳманд, ки эродҳои Сарвари давлат ҳангоми мулоқот дар шаҳри Хоруғ ба кормандони мақомоти давлатӣ дахл дошт. Роҳбари кишвар дилсӯзона таъкид карданд, ки пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад, то фаъолияти сохторҳо дурусттар амалӣ гардида, ин минтақаи зебои диёрамон боз ҳам тараққӣ карда тавонад.

Парвизи Мирзо, рӯзноманигор

Расми хуби тоҷиконро гум макун  

.

            Яке аз суннатҳои бисёр бостонӣ ва ҳамзамон маъруфи мардуми тоҷик меҳмоннавозӣ ва арҷгузорӣ ба меҳмон аст. Фарҳанги меҳмоннавозӣ дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи хеле вижае дорад. Арҷгузорӣ  ба меҳмон дар байни мардуми мо ҳамчун яке аз нишонаҳои умда ва аслии ҷавонмардӣ ва инсонгароиву одамгарӣ маҳсуб мешавад. Фарҳанги меҳмоннавозӣ  ва  арҷгузорӣ ба меҳмон на фақат дар андешаву орои мардум, балки дар адабиёти мо низ мавриди таблиғу ташвиқ ва такриму тамҷид қарор гирифтааст. Аксари адибони мо дар бораи одоби меҳмоннавозӣ, усули пазироии меҳмон, рисолату масъулияти мизбон ва аҳамияти ин аъмол нуктаҳои ҷолиб ва ақволи муассире ироа доштаанд, ки дар воқеъ қобили мулоҳиза ва пазириш мебошанд. Абёту ақволе аз қабили:

                                      “Ҳар кӣ меҳмонро гиромӣ мекунад,

Кӯшише    дар   некномӣ   мекунад”.  

Ё:

         “Дӯст  ояд,  гарм  дар  оғӯш  гир,

         Расми хуби тоҷиконро гум макун”.                                             Ё:                                                                          

“Меҳмон атои Худост”  ва суханҳои дигаре аз ин қабил  дер боз  дар байни мардуми тоҷик машҳуру маъруф аст ва дар воқеъ аҳли ҷомеаи мо аксарият то ҳанӯз ин гуна ақволро дар мавриди пазироӣ аз меҳмон ҳамчун роҳкори худ мавриди корбурд қарор медиҳанд. Чунин роҳкор ба анъанаву қолаби рафтор ва ҳатто метавон гуфт ба менталитети миллии мо мубаддал шудааст. Ин қолаби рафтори миллии мо имиҷи мардуми мо низ ҳаст. Яке аз умдатарин ва беҳтарин сифату хислате, ки хориҷиён дар мавриди будубоши хеш дар Тоҷикистон дар симои мардуми мо мебинанд, маҳз ҳамин хислати меҳмоннавозии мардуми тоҷик аст. Ин сифату хислат миллати моро на фақат машҳуру маъруф, балки маҳбуб низ гардонидааст. Расму таомули меҳмоннавозӣ ва анъанаву одоби меҳмондорӣ аз қабили қолабҳои шоистаи рафтори миллиест, ки ба хотири густариши нуфузу обрӯи миллат  аз ҷониби хосу оми ҷомеаи мо бояд мавриди пазириш ва корбурд қарор гирад, ба вижа дар мавриди муносибат ва муоширати мо бо  меҳмонони хориҷӣ.

         Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва афроди тангназаре ҳастанд, ки ҳатто ба ин вижагии миллӣ ва сифату хислати неки суннатии мардуми мо, ҳамчунин риоя шудани он аз тарафи намояндагони миллат ва ба хусус роҳбарияти давлат бидуни доштани ҳеҷ гуна далеле нуктагириҳои бемаврид ва муғризона мекунанд.

Имрӯз  дар сомонаи  risolat tj.com  маводе интишор дода шуд, ки дар он  аз  маросими истиқболи расмии Сарвари давлат аз Президенти Ҳинд дар ҳавои боронии Душанбе ва  бар сари меҳмони худ чатр гирифтани Роҳбари кишвари мо ёд шудааст.

Дар воқеъ рӯзи 8 октябр дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқбол аз Президенти Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд баргузор гардида буд. Ба ифтихори пазироии мењмони олиќадр майдони Қасри миллат мутобиқи расмиёти маъмулӣ ороста шуда Горди фахрї ва оркестр саф ороста буданд.

Дар маросими пазироии меҳмони олиқадр, ки зери бориши борон сурат гирифт, Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ  ҳамчун мизбон барои ҳифзи меҳмони олирутбаи худ аз борон чатр дар даст доштанд.

Маҳз ҳамин илтифот ва риояи таомулу одоби меҳмоннавозӣ аз тарафи Президенти Тоҷикистон, ки як амали бисёр бамаврид ва саршори муҳаббату эҳтиром буд,  мавриди интиқоди шадиди нуктагирону айбҷӯёни  наҳзатӣ қарор гирифт. Бубинед, ки ин каҷкорони каҷандеш дар оинаи каҷнамои пиндори хеш ҳатто амали ростини бузургворонаеро ҳам каҷ тасвир кардан мехоҳанд. Ин баддилон бо чунин нуктагирии бемавриди хеш нохудогоҳона аслан худро расво кардаанд. Онҳо чун пистаи бемағзеянд, ки бо лаб во кардани хеш аз пуч будани худ дарак додаанд.

Бубинед, ки онҳо дар иртибот ба истифодаи чатр аз тарафи Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ  ҳангоми қадам задан бо Президенти Ҳиндустон  дар ҳавои боронӣ чӣ гуфтаанд: “Таҳияи  чатр аз пули шаҳрвандони маҳрум ва гирифтани он дар болои сари раисҷумҳури кишвари қудратманд ва сарватманд саволҳои зиёдеро дар зеҳни шаҳрвандоне, ки аз ин чатр маҳруманд, ба вуҷуд меоварад”. Айбҷӯӣ ва нуктагирие наметавонад музҳиктар ва ҳамзамон аблаҳонатар аз ин бошад.

Ин нуктагирон бо сӯиистифода аз ин маврид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дахолат карда, бар набуди чатри ҳимоятӣ дар ин росто ишора кардаанд, ҳол он ки муҳоҷират ва ба вижа муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити кунунӣ на фақат дар сатҳи кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла кишвари мо, балки ҳатто дар сатҳи кишварҳои мутараққиву бузурге чун Чину Руссия,  Ҳиндустону Покистон  ва  умуман аксари кишварҳо ба амре маъмулӣ табдил ёфтааст. Аммо новобаста ба ин давлати Тоҷикистон стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро дар  кишвар қабул карда, дар ин росто ба таври мунтазам барои марҳила ба марҳила поин бурдани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои созандаеро анҷом медиҳад.  Сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги обии барқӣ ва ба ин васила таҳияи заминаи саноатикунонии кишвар, ҳамчунин дар доираи имконоти мавҷуда бунёд кардани корхонаҳои саноатӣ на фақат дар атрофи пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, балки дар тамоми манотиқи кишвар нишонаи равшани талошҳои созандаи роҳбарияти давлат дар ростои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатист.     

Аммо бояд ба эътибор гирифт, ки манзури нуктагирон аз ироаи масъалаи фавқуззикр  на  арзёбӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум, балки корбурди ин масъала ҳамчун абзори сиёсӣ ва таъсиргузории манфӣ бар зеҳни омма аст. Хоинони наҳзатӣ ҳеҷ гоҳе сари созиш бо арзишҳои демократӣ ва мардумсолоронаи давлати мо надоштанд. Онҳо фақат дар паи аҳдофи тундравонаву ифротии динии худ мебошанд, зеро муқтазои табиати онҳо ва хоҷагони бурунмарзиашон ҳамин аст. Аммо ин афрод бояд  нек донанд, ки маҳз ҳамин муқтазои табиати тундравонаву ифротгароёна ва мардумситезонаи  онҳо  оқибат  сари  эшонро  хоҳад  хурд.

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд  бошад,  ки  сари  хеш  чу  гирдоб  хурад.

 

                                                        Хусрави  Шерзод

                                                                

 

Усули тарси наҳзатӣ дар матлаби навбатӣ

.

        Муроҷиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар робита бо тавтеаю дасисаҳои ТТЭ ҲНИ ироа гардидааст, боиси сарусадоҳои расонаии ҳаводорони наҳзатӣ гардидааст. Дар ин замина сомонаи наҳзатӣ матлабе таҳти унвони «“Шўрои уламо” аз Худо тарсад!» интишор додааст. Наҳзатиёни мутаассиб аз ин усул – аз Худо тарсонидани мардум ҳамеша кор мегиранд. Ин усул ва равиши таърихии рўҳониёни мутаассибу ҷоҳил дар тўли таърих буда ва ҳаст. Мутаассифона, ин равиш, бо назардошти ҳузуру нуфузи хурофоту ҷаҳолат дар ҷомеа дар бисёр маворид корсоз ҳам буда ва ҳаст. Аммо барои ҷомеаи муосири тоҷик ин усули «ҳидоят» аз муд афтидааст. Ба таври куллӣ,  чанд воқеяитро вобаста ба матлаб бозгў мекунем: 

       Якум. Албатта, наҳзатиёни фирорӣ, ки аз ҳисоби як идда ҷавонони гумроҳ сафҳояшонро  пурра карданианд, саъй мекунанд, алайҳи назароти мардумӣ қад алам намоянд ва воқеиятҳоро таҳриф созанд. Дар ин амр хеле кўшиш мекунанд ва музахраф мебофанд. Чунин навъи муҳокимаи музахрафро дар матлаби ахирӣ, ки дар ҳошияи Муроҷиатномаи Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ироа гардидааст, метавон мутолиа кард. Муддаӣ бе ҳеҷ гуна далели мувассақ ба домони ин ташкилаи динӣ-мазҳабӣ мечаспад ва наҳзатиёнро пуштибонӣ мекунад. Магар далоили ихтилофоти мазҳабӣ, паҳну мунташир кардани ҳар гуна иттилооти зиддидавлатӣ, аз марзи ислом ва минҷумла исломи суннатӣ (мазҳаби тасаннуни ҳанафӣ) фаро рафтан ва билохира ҳадафи султахоҳиро дунболагирӣ намудан басанда нест? Кору фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ва пуштибонии баъзе созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин ташкилоти экстремистию террористӣ бозгўкунандаи онанд, ки ТТЭ ҲНИ мақсади ихтилоф андохтан ва ба қудрат расиданро дунбол мекунад ва дар ин роҳ аз ҳар василаи машрўъ ва номашрўъ истифода мебарад. Шиорпароканӣ ва фазлфурўшиҳое, ки тайи ду-се соли ахир раҳбарияти фирории наҳзатӣ дар хориҷ аз кишвар сари минбарҳои аврупоӣ анҷом медиҳанд, ҳадафманданд ва пушти қазияи наҳзатӣ, бидуни шубҳа, созмонҳои вижа қарор доранд.

        Дуюм. Муаллифи матлаб кўшидааст, ки уламои суннатиро алайҳи Шўрои уламо шўронад ва аз ин роҳ оташи фитнаву кина ва адоватро миёни рўҳонияти исломии дохил доман занад.
Чанд исми ба истилоҳ, уламое, ки муаллифи матлаб мисол задааст, аз чумлаи рўҳониене буда ва мебошанд, ки ҳаргиз ѓами мардуми мусулмонро нахўрдаанд ва намехўранд ва агар ба ҳаводиси солҳои навадуми садаи бист ва фазои мазҳабии ибтидои асри бисту як ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем, пай хоҳем бурд, ки як гурўҳи рўҳонияти суннатӣ, ислоҳотхоҳ ва муҳофизакор, ки бо наҳзат иртиботи бевосита ва бавосита доштанд, дар зери суол рафтани низоми давлатдории дунявӣ ва пахшу интишори ақоиди ифротии динӣ-мазҳабӣ саҳми бевосита доштанд. Онҳо на танҳо роҳи ихтилофоти мазҳабиро нагирифтанд, балки бо мавъизоти хушк ва матолиби хурофотии худ  монеи озодандешӣ ва рушди тафаккури дунявӣ, ки низоми қонунии сиёсӣ ва давлатӣ буд, гардиданд. Аз ин ҷост, ки ҷонибдорони ин навъ рўҳониён имрўз низ талош мекунанд, ки ТТЭ ҲНИ-ро дар симои фаришта бинамоёнанд ва мардумро дубора гул бизананд.

        Сеюм. Мақомоти зиддахли давлатӣ (агар манзур КДАМ, ВКД бошад) ҳеҷ гоҳ алайҳи дину мазҳаб нашўридааст, баръакс, онҳо бар муқобили нафарон ва ташкилоте мубориза бурда ва мебаранд, ки дину мазҳабро василаи касби қудрат ва фиреби мардум карда, аз ин ҳисоб нони муфт мехўранд. Магар ин кор, ки вазифаи аслӣ ва ҳирфаии масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, гуноҳ аст? Дар кадом давлати дунё дидаед, ки мақомоти марбутаи давлатӣ алайҳи муфтхўрони мазҳабӣ ва динӣ, ки дину мазҳабро абзори сиёсӣ ва иҷтимоӣ кардаанд, мубориза набурдааст? Дар ҳеҷ ҷойи дунё ин тур нест. Ин наҳзат аст, ки ҳамеша тавтеа, дасиса, иѓво дуруст мекунад ва аз пайи сиёсӣ кардани дину мазҳаб мегардад. Агар чунин аст, мақомоти давлатӣ муваззафанд, ки алайҳи бедодиҳои наҳзатӣ, ки ҳосили шуми онро ибтидои солҳои навадуми асри бист дидаем,  мубориза бубаранд, дар акси ҳол, ин гуна мақомот ба кӣ даркор аст?!

      Ва ниҳоят, он чи ки дар Муроҷиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, баёни вазъи мавҷуда аст ва дар ноҷурии авзои мазҳабӣ ТТЭ ҲНИ муқассир мебошад ва ин нуктаи калидиро ниҳоди мазҳабӣ бо далелҳо манзур сохтааст. Воқеият ҳамин аст, он ба пазируфтан ва напазируфтани ТТЭ ҲНИ бастагӣ надорад, чунки пушташ таърихи зиндаи мардум қарор гирифтааст.

          

Фаридун Ориёӣ