Масъалаи Бадахшон  ва ҳассосиятбахшиҳои сунъӣ

.

       Мусоҳибаи хизматгори наҳзатиҳо Алим Шерзамонов бо хабарнигори сомонаи ифротии «Тасним» дар робита бо масъалаи  Бадахшон  маротибаи дигар собит месозад, ки гурўҳҳои манфиатхоҳи берунӣ бо ҳар роҳу васила мехоҳанд вазъи Тоҷикистон, бахусус Бадахшон ноҷур гардад ва нақшаҳои ғаразноки онҳо тадриҷан пиёда шаванд. Бо ин ҳадаф Алим Шерзамонов, як тан аз ҳавохоҳони нооромиҳо дар Тоҷикистон ба истилоҳ, суҳбати ихтисосӣ анҷом додааст. Дар ин замина, чанд мулоҳизаи худро манзур месозам:

     1.Ҳассосият бахшидан ба масъалаи Бадахшон кори дасти душманони миллат ба мисли Шерзамонов мебошад. Дар  як моҳи ахир доираҳои наҳзатӣ, ки имрўз дар пардаи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон аз худ дарак медиҳанд, матолиби зиёде навишта, дар расонаҳо интишор додаанд ва аз сўи хоҷагонашон муваззафанд, масъаларо ҳассостар намоянд. Дар атрофи Бадахшон ва таҳаввулоти ахир интишор намудани матолиби гуногунмуҳтаво ҳоқӣ аз он аст, ки бозигарони хориҷӣ даст ба тарҳи  наве заданианд ва  ҷиҳати буғранҷ кардани авзоъ аз сели иттилооти дурўғин корбаст менамоянд. Аз силсилаи сели иттилоот ва таҳлилоти дурўғин мусоҳибаи ахири А. Шерзамонов маҳсуб меёбад.

       2.Шерзамонов, ки аз сиёсат ва таҳлилҳои сиёсии аслӣ фарсахҳо дур аст, бар мабнои нишондодҳои гурўҳи наҳзатии зиддиҳукуматӣ мусоҳибаҳо меорояд, матолиби иғвоангез нашр мекунад, садо мепароканад ва аз ин тариқ худро реклама ҳам менамояд. Иддаои ў бар мабнии ин ки Роҳбарияти давлат бо набард ба сари қудрат расидааст, сухани наву тоза нест. Албатта, Ҳукумати имрўзӣ дар шароите сари қудрат расид, ки наҳзатиён дар қаламрави ҷумҳурӣ ба бедодгарӣ машғул буданд ва сокит шудан ва хомўшӣ ихтиёр кардан дар он вазъият бетарафию тарсуие беш набуд. Чӣ, Роҳбари кишвар бояд  сукут меварзид ва мегузошт, ки Тоҷикистон ба хоку хун оғушта гашта,  Шерзамонҳои вақт дар мамлакат ҷавлон кунанд?!  Манзараи даҳшатноки ибтидои солҳои навадуми садаи бистумро, ки дар қолаби наворҳо дар васоити ахбори умум мавҷуд аст, як тамошо намоед ва ба кайфияти ҳаводис бадиққат таваҷҷуҳ фармоед, то тоифаи нохалафро, ки зери парчами исломи сиёсӣ ба чӣ корҳое даст задаанд бинед.  Шерзамонов ё аз ҳаводиси вақт бехабар аст ва ё дидаву дониста худро ба нодонӣ мезанад.

        3.Шерзамонов мисли ин ки ҳарфҳои пуштибонони хориҷиашро такрор мекунад ва масъалаи Бадахшонро бузург ҷилва медиҳад, чун медонад, ки бузург ҷилва додани масъала ва обуранги сиёсӣ бахшидани он, ҳам ба манфиати дориаҳои махсуси хориҷӣ ҳаст ва ҳам ниёзҳои сиёсию иқтисодии наҳзатиҳоро. «Паймонсозон» аз шахсиятҳои калидии Ҳукумат ҳарос доранд? Чаро? Чунки ин шахсиятҳо найрангҳои сиёсӣ ва дасисаю иғвоҳои наҳзатиро рўйирост фош сохтанд ва пеши роҳи тавтеаҳои онҳоро гирифтанд.  Пеши роҳи балвои Назарзодаро гирифтан ва бо далоили муътамад собит кардани ҷурми элитаи сиёсии наҳзатӣ дар пиёда намудани барномаи табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон роҳкорҳоеанд, ки сохторҳои қудратӣ муваффақона анҷом доданд.   Зимнан, наҳзатиён тавассути матолиби иғвогарона мекўшанд, ки симои роҳбарони сохторҳои давлатиро бад нишон бидиҳанд ва дар ҳар бадбахтие, ки сарашон омадааст, изи онҳоро биҷўянд.

      4.Маълум аст, ки Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз минтақаҳои муҳиммест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад кардааст. Авзои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистони ҳамсоя ба ҳама маълум аст. Ба буғранҷии авзоъ, хариду фурўши аслиҳа ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зам мешавад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бастагӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ масъалаи халъи силоҳро дар Бадахшон, ки солҳост миёни гурўҳҳои ҷинояткор радду бадал мешавад, мавриди бозбинӣ қарор медиҳанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда аз имконоти қудратӣ, фаннӣ-техникӣ, интизомӣ ва ҳуқуқӣ истифода мебаранд. Аз тарафи дигар, таъмини амнияти дохилӣ ва оромиши сиёсӣ, ки аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад, вазифаи сохторҳои қудратӣ мебошад. Солҳост, ки дар Бадахшон гурўҳҳои ҷиноятпеша ва тоҷирони маводи мухаддир  авзоъро ноҷур месозанд ва ҷомеаро ба ҳолати осебпазирӣ расонидаанд. Аз ин лиҳоз, ислоҳи вазъ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти зиддахли давлатӣ мебошад. Агар, мо гапи Шерзамонов ва «дастуру нишондодҳо»-и ўро, ки аслан парвои миллату давлат надорад (ба ҷуз сармояи худ) бигирем, давлатдорӣ ва ҷомеасозӣ ба масхара кашида мешавад.

     5.Аҷиб ин аст, ки Шерзамонов аз созмонҳои байналмилалӣ хоҳони он аст, ки ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат намоянд ва масъаларо, ки марбути Тоҷикистон аст, ҳаллу фасл намоянд. Дахолат дар умури давлат магар аз ҷумлаи иқдомоти созмонҳои байналмилалӣ аст? Давлати мо дар умури двлатҳои дигар ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳаққи дахолат надорад. Ҳар гуна дахолатро дар умури дигар кишварҳо ва давлатҳо қонунҳои байналмилалӣ манъ намудаанд. Масъулини созмонҳои байналмилалӣ масъаларо мефаҳманд, аммо  чаро Шерзамонов ва ҳампаймононаш масъаларо фаҳмидан намехоҳанд ва саъй мекунанд қазияро бузург нишон бидиҳанд?!

     6.Ҳассосият бахшидан ба масъалаи Бадахшон барои ТТЭ ҲНИ чун обу ҳаво зарур аст ва ҳоло ки дигар масоили доғ вуҷуд надорад,  наҳзатиён аз Шерзамонови Бадахшӣ истифода мебаранд, то ба ҳадафҳои худ бирасанд. Тамоми қазия ва дар гирди он моҷаро ҳамин асту бас.

 

   Фаридун Ориёӣ

 

РАҲОЁБИИ БАДАХШОН АЗ ЧАТРИ ВОПАСГАРОИИ МАҲАЛЛӢ (Масири миллӣ дар амал)

.

Бо ҳукми тақдир ва зарурати шахсӣ, муаллифи ин сатрҳо, ки   марбути доираҳои хабарнигории ҷумҳурӣ мебошам, дар рӯзҳои таърихсози Бадахшон, санаи 12 то 16.10.2018с., ки ба таърихи авҷи мусодираи миқдори силоҳ ва таъмини волоияти қонун баробар омад,  шоҳиди дигаргуниҳои куллӣ дар зеҳни мардум ва дар низоми тартиботи ҷамъиятӣ гаштам. 

 Талошҳои хастагинопазири Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ, ки се роҳбари ниҳодҳои муътабари қудратӣ (КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ) гардонандагии чархи фаъолият ва чорабиниҳои асливу сарнавиштсози таъсиррасони он маҳсуб мегарданд, шаҳодати воқеияти ҳол ва гӯё аст, ки ба маҳзи мусодираи силоҳ,  лавозимоти ҷангӣ аз саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва таъмини волоияти қонун, мардуми шарифи шаҳри Хоруғ аз завлонаи 30-солаи беқонунӣ, ақибмондагӣ ва вопасгароӣ раҳо шудааст.

  Бо камоли тааасуф бояд иқрор шуд, ки дар шаҳри Хоруғ бо сабабҳои айниву зеҳнӣ, ки тафсири муфассалашро ба дафъи дигар вомегузорем, дар тӯли 27 сол насли ҷавоне дар атрофи хонаҳои “сарон”-и бемағзи гурӯҳакҳои ҷиноятӣ дар маҳаллаи УПД, Бархоруғ, Болнисен, Хчордев, Шошхоруғ ва Тишори Поршнев ба воя расидааст, ки парастиши аъмоли ғайриқонунии саркардаҳои ин гурӯҳҳои ҷиноятиро, ҷузъи ҷаҳонбинии танги маҳаллии худ мепиндоранд ва гароиши онҳо дар зери таъсири корҳои фаҳмондадеҳӣ ва мусоидатии мардум ба сӯйи оромиву субот; водор шудани қисми наврасон ба тобеияти қонун, ки аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ орифона ва тоҷикона сурат гирифт, тақозои замон ва посухгӯйи даврони ҷомеаи қонунмадор буд.      

Ба истиснои тадбирҳои пешгирикунанда бо истифодаи нерӯи нарм, раҳо кардани ин ҷавонон аз вартаи андешаи ҷиноятпарварӣ, “қонунияти зиндонӣ” ва парастиши шахсияти ҷинояткорон, нақшаи алоҳидаи дастаҷамъӣ, иродаи мустаҳками намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллиро тақозо менамояд.       

Дар суҳбатҳои сарироҳӣ бо кормандони Бунёди Оғохон маълумам гашт, ки падидаи фарқкунанда аз шаклгирии ҷаҳонбинии табақаҳои пайрави гурӯҳҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ дар он  сӯйи дарёи Панҷ - дар зеҳни мардуми вулусволиҳои исмоилнишини Бадахшони Афғонистон ба мушоҳида мерасад.

Намояндагони ин минтақа ба саволҳои мансубияти ҳувияти миллӣ, худро мутлақо тоҷик медонанд ва забони тоҷикиро ба ҳайси абзори миллии муқаддас мепиндоранд, ҳунару мусиқии қадимии миллиро  ҳифз ва онро дар байни бегонагон тарғиб менамоянд. Дар воқеъ, ин қишри омма ба тафовутҳои мазҳабии исмоилӣ ва ҳанафӣ эътибор қоил ҳастанд ва низ эътиқодманд ҳастанд, ки тафаккури динӣ ба ҳеҷ сурат сарҳади худшиносии миллиро шикаста наметавонад ва дар муборизаи беамони тамаддунии миллатҳо, омили миллӣ нақши барҷаста ва сарнавиштсоз дорад.

Барои намуна ва улгунамоии хислатҳои волои миллӣ, фаъолияти овозхонони машҳури Бадахшони Афғонистон-Мир Мафтун ва Довуди Пажмонро барои ҷавонони маҳаллаҳои дар болозикршудаи шаҳри Хоруғ овардан мумкин аст, ки дар талоши тоҷиксозии Хуросони таърихӣ-Афғонистони кунунӣ, тавассути қалам, қадам ва лаҳни хушсадояшон, дилҳои худиву бегнаро чунон тасхир кардаанд ва худро пайравони хомасароёни Шарқ: Одина Ҳошиму Давлатманд Хол ва Акашариф Ҷураеву Абдулло Назрӣ медонанд.

Ҷавонони хоруғӣ оё ҳеч вақт фикр кардаанд, ки як хатлонӣ-Пир Шоҳ Носири Хисрав, чӣ қадар дар дилу дидаи онҳо ҷойгоҳ дорад, бо тарки макону ҷойдоди худ, дар як кунҷи дурдасти кӯҳистони Бадахшон замингир шуд ва ӯро чӣ водор ба фирор кард?!  Ҳамин ҳувияти миллӣ буд, ки ӯро бадахшониҳо пазируфтанд ва пешвои худ донистанд. Оё пайванди мардуми Кӯлоб ва Бадахшонро, метавон ба ҳарзагӯйии 3 ҷинояткор латма зад? Оё суғдиҳо ҳамон васлгарони қавми яғнобӣ бо забони қадими шуғнӣ чӣ гуноҳ доранд, ки дар Хоруғ изи по надошта бошанд? Ислоҳи ин каҷравиҳои зеҳнӣ вазъиятро дар шаҳри Хоруғ беҳбуд мебахшад. Пирӯзии миллати тоҷик муборак. 

     

Ф.Додов, хабарнигор-таҳлилгари масоили сиёсӣ

Суҳбати муғризонаи ифротӣ

.

Баъзе гурӯҳҳо ва шахсони тасодуфию манфиатхоҳе, ки на ҷамъият мешиносаду на касе, на бар ҷамъият заруранду на бар хасе бо расонаҳои хабарии хориҷии зери назари хадамоти махсуси кишварҳои маълум мусоҳибаву суҳбатҳо доир намуда, худро як намуд шонисониданӣ мешаванд, дар ҳоле касе намешиносад.

Аз ҷумлаи онҳо Алим Шерзамонов аст, ки худро муовини раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ё ба иборае думрави паймони миллӣ ҳисобида, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои иттилоотӣ вобаста ба барқарор кардани тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иддаои бемаврид мекунад.

Қаблан ҳам дар ҳаводиси чанд сол пеши шаҳри Хоруғ нақши мардумфиребона ва худхоҳонаи собиқ раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ВМКБ - Алим Шерзамонов хеле рӯшан ба назар мерасид. Вай раҳбарии гирдиҳамомадагонро бар ӯҳда гирифта, худро ба иборае танзимкунанди вазъият меномид. Аммо барои боз ҳам шиддат гирифтани вазъият шароит фароҳам оварданӣ мешуд.

Бояд тазаккур дод, Шерзамонов он ҳаводисро, ки амалиёти боздошти гурӯҳҳои эҳтимолии қочоқбарони маводи мухаддир номбар мешуд ва ба бенизомиҳову эътирозҳо мепечид, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро гунаҳкор карда, худро сафедкунанда нишон медод, ки ба воқеият мувофиқат намекард. Шерзамонов то имрӯз дар ягон мақомоти давлатӣ фаъолият накардаву боз худро нодиру беҳамто тарошида, ҷониби давлату миллати тоҷик санги маломат мезанад. Алим шаҳрванди носипоси Тоҷикистон аст, ки заррае баҳри ободиву сарсабзии миллат накӯшидааст, вале барои мушкилоти нав ба навро эҷод кардан, заминагузорӣ мекунад. Шерзамонов дар он мусоҳиба ба ҳар суол посухи аблаҳонаву бемантиқона медиҳад ва зери таъсири кадом аҷнабӣ фаъолият намуданашро ошкор месозад. Агар вай фитнаангез намебуд, баъди ҳодисаҳои тобистони соли 2012 ҷониби Россия фирор наменамуд. Баъди орому осуда шудани вазъият дар ин минтақа моҳи сентябри соли 2013 рӯй ҷониби Хоруғ овард. Лекин боз аъмоли хиёнаткоронаи худро идома доду, мисли гузашта мардумро ба шӯр оварду ҷониби хоҷаи дигар роҳи гурезро пеш гирифт. Вай ҳатто дониши комили сиёсӣ ҳам надорад, то ҷомеаро идора кунад. Халқ ҳам намехоҳад, ки чун алимҳо аз онҳо пуштибонӣ кунанд. Ягон кас ҳамроҳи ӯ нест, ғайр аз ду-се ҷавони сархушу гумроҳ. Аксари кулли мардуми Бадахшон хостори қатъи сафсатагӯиҳои Шерзамонов шудаанд. Чунки шахси ба ном ватанпарвару ислоҳотхоҳ вазъияти имрӯзаву гӯзаштаи начандон дурро шарҳ доданӣ шуда, дар гуфтору пешниҳод ва хостаҳояш ба иштибоҳи зиёд роҳ медиҳад. Ӯ бо ин таҳлили нодурусти вазъият мардумро ба гумроҳӣ мекашад, ҳатто фиреб ҳам мекунад. Дар бораи ҳаводиси сохтаю бофтае гап мезанад, ки худаш ба гуфтааш шак меорад. Мақсади вай танҳо халқро сарсону саргардон кардан ва ба шӯр овардан аст. Амалаш танҳо рӯсиёҳӣ ва зишткориҳои ӯро нишон медиҳад. Овозаву дарвозакуниҳои Шерзамонов дар воситаҳои ахбои умум ва дигар расонаҳои интернетиву иҷтимоӣ нишон додани чеҳраи манфури худи ӯст.  То ҳол Алим ва ҳамақидагонаш пай набурдаанд, ки агар худи ӯ ва садҳо монандаш гулӯ даронанд ҳам, мардум ба ин гуна нафарони разил эътибор намедиҳанд. Мардуми сарбаланди тоҷик аз ин худмуаррифисозиҳои сохтаю бофта, лофу газофи бемаврид ва дурӯғин безор шуданд.  

 

Ф. Фаррухзода , коршиноси сиёсӣ

Андешаи муғризонаи сомонаи ифротӣ

.

Фаъолияти ҳар васоити ахбори омма бояд ба манфиатҳои халқияту миллатҳои гуногун созгор бошад ва барои рушди ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварад. Намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ашхоси боваринок, баобрӯ ва ҳақиқатнигор бошанд. Вале, мутаассифона, на ҳамаи манбаъҳои хабарӣ ба нафъи башарият ва халқу миллатҳо хизмат мекунанд. Сомонаи «Payom.net» бо мусоидат ва дастгирии бевоситаи кишварҳои хориҷаи маълум арзи ҳастӣ намуда, мақсади ноором гардонидани ҷомеа ва бо ин восита, расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худро ба бедор кардани ҳисси бадбинӣ миёни мардумон табдил додааст. Роҳбарони чунин торномаҳо бо ҳидоят ва дастгирии аҷнабиён мардуми одиро бо ҳар иғвою хабарҳои бардурӯғ зидди якдигар равона месозанд.

Дар сомонаи «Payom.net»-и ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ таҳти унвони «Озодихоҳони тоҷик ва қабилаи Аче» рӯзноманигори бе ному нишон матлабе интишор дода, дар бораи охирин намояндагони қабилаи Аче, яке аз қабилаҳои бумии Амрикои лотинӣ нақл мекунад. Вай  ба онҳо баҳои нисбӣ ва гуногунмазмун медиҳад. Муаллиф дар ин мавод чӣ гуфтан ва чӣ хостани худро намедонад ва танҳо мисли мусоҳибаву гуфторҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо дурӯғ даъвоҳои бофта мекунад. Рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва таърихии ин қабилаи муборизро зери шубҳа гузошта, онро қавми як умр мубориз ва то ҷое хашину тунд, як қавми зоҳиран сархам ва тобеъ нишон медиҳад.

Сомонаи тахрибкор чандин воқеаҳоро аз нигоҳи худ баҳо дода, болои ин қабила бори маломатро мерезад: «Қаблан ин кавм нисбати бегонаҳо тунду хашин буда, вале дар рафторҳои дохилиқабилаӣ яке аз беҳтарин фарҳанги  ҳамзистӣ ва ҳамкориро дошт. Дар мубориза алайҳи душманон ҷасорат, зиракӣ ва оштинопазирии хос нишон медод, аммо дар баробари ҳамқабилаи худ вафодор ва ҷавонмардона рафтор мекард». Пас,  ба кадоме аз ин ҳарфҳои «нохонда мулло» метавон бовар кард. Дар ҳоле, ки дар ҳар ибора афкори зиддунақиз ҷой дорад.

Маҳз чунин рафтор моҳияти таърихии ачеҳоро гуногун нишон медиҳад: «Бо тағйири ҳадаф рафтори қабила ҳам тағйир кард. Тундӣ ва хушунат  аз берун ба дохили қабила кӯчид. Ваҳдат ва ҳамбастагии ачиҳо сол ба сол заъифтар мегашт». Агар нигоранда ҳамчун муаррих шинохта мешуд ва ё ҳамчун мутахассиси соҳаи таърихшиносӣ баромад мекард, шояд ба андешаи ӯ бовар кардан мумкин буд, вале ин нафар на аз илми таърих огаҳ асту на ба он наздикӣ дорад.

Муаллиф барои исботи андешаҳои худ, ки гӯё аз воқеияти таърихии ин қабилаи куҳан огаҳ асту, онро медонад, кирдори онҳоро мавриди тафтишу санҷиши ҳамешагӣ қарор додааст. Аммо, ҳайҳот, ки ин тавр нест.  Манзараи ачеҳоро он қадар норавшан тасвир кардааст, ки дар шуури мардуми бо воқеияти онрӯза шиноснабуда чун макони номуайян инъикос меёбад. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки онҳоро бо мардуми тоҷик муқоиса намуданӣ мешавад ва мегӯяд: «Вазъи озодихоҳони тоҷикро  ман тақрибан ба вазъи солҳои ахири зиндагии қабилаи Аче  монанд мебинам. Ҳади ақал, қисме аз онҳоро». Торнома ба сари ҳар воқеаи таърихӣ он қадар бори маломат бор мекунаду туҳмат мезанад, ки хонандаро ба ҳайрат меорад. Андеша ва муносибати мардуми ошною  ноошноро ба ин қазия дигар карданӣ мешавад ва ҳолатҳои таърихиро  нодида мегирад.

 

Баҳром Қодир,

муаррих   

Амалҳои зишти ТТЭ ҲНИ

.

Бояд ба хуби дарк намоем, ки Ватани азизи мо ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст ва ин боиси фахри шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вале мафҳуми дигаре боиси ин хушбахтӣ ва ташвиши тоҷикону ҷаҳониён гаштааст, терроризми байналмилалӣ ва таҳмили ақидаҳои ғайрианаъанавӣ, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилоби ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳо дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.

Агар ба ҷаҳони имрӯза назар андозем, қалам ҷойи шамшерро гирифтааст ва халал расонидани тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ миёни ҳама гуна низоъҳо гардидааст. Ҳамаи инро ба назар гирифта, мо бояд, роҳҳои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва арзишҳои миллии худро пешорӯи ин гуна таҳдидҳо муайян намоем.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ҷонибдори эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеан ҳам, ин ягона роҳест, ки ниёзҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи моро бароварда созад. Яке аз сиёсатмадори рус Пиётр Столипин фармуда буд, «Халқе, ки дорои рӯҳия ва худогоҳии миллӣ нест, порӯеро меноманд, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳад шуд». Дар ҷомеаи мо қувваҳое ҷой дорад, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди худро, ки ба манфиатҳои гурӯҳияшон асос ёфтааст, бидуни эътирофи назару андеша ва ҷаҳонбинии аз эшон фарқкунанда ба мардум маҷбуран таҳмил намоянд. Одатан се навъи ин гурӯҳҳо дар ҷомеаи мо ба назар мерасад, ки гурӯҳи аввалӣ ҷонибдори ақоиде, ки бар исломи радикал наздикии бештаре дорад. Дувуми ҷонибдорони ақоиди атеизми ҷанговар ва сеюмӣ ҷонибдорони сиёсати арзишҳои либералӣ.

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар бештари мамлакатҳои пас аз шӯравӣ барои фаъолияти диниву мазҳабӣ ва озодии эътиқод заминаҳои мусоид фароҳам омад, вале, мутаассифона, дар радифи ин озодиҳо дар кишвари мо гурӯҳи аввале, ки дар боло зикр кардем, яъне қувваҳои муртакиби арзишҳои иҷтимоии динӣ низ ҷон гирифтанд ва фаъол гардидани онҳо дар ҳаёти ҷомеа боиси дигаргуниҳои бемантиқ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Имрӯз ҷомеаи  ҷаҳони талош меварзад, ки дасти дарози ин даҳшатафканиро бигирад. Аммо чуноне ки шоҳидем, вазъият рӯз аз рӯз вазнинтар шудаистодааст ва сӯистифода аз исломи сиёсӣ мамлакатҳои зиёдро ба ҳоли табоҳ расонидааст. Таъсири ин аз ҷумла ба Тоҷикистони азизи мо расид. Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-ум масъулини ин ҳизб мақсади ба сари ҳокимият омаданро дошт ва табдили давлати дунявиро ба давлати динӣ ба ҷомеа матраҳ мекард. Баъди муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гашт, аммо набудани имконияти сари қудрат омадан таввасути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳо кушод. Охирин мақсади онҳо табадулот буд, ки  дар охир шикаст хӯрданд. Албатта мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвари биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.

 

Фирдавси Кабир