Ободии шаҳр аз масъулияти баланди шаҳрдории мо вобаста аст!
Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Сайёҳ» дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои тозагию ободонӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин дар миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо кормандони ҲХДТ дар шаҳри Левакант сӯҳбати самимӣ доир гардид.
Чуноне ки муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова қайд намуд, баргузор намудани чунин аксия ва корҳои дастаҷамъона бо мақсади дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори шаҳр ҷараён дошта, бо ин тадбир корҳои зиёди бунёдкориву созандагӣ анҷом ёфта истодаанд.
- Имрӯзҳо ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки бо рафтору кирдори шоиста, бо иштироки фаъолона доштан дар тозагию озодагии муҳити зист, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, сарсабзу хуррам гардондани кӯчаҳои масъулияти шаҳрнишинию шаҳрдории худро исбот намояд.
Сокинони ин маҳал ин суханонро тарафдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки тасмим доранд, ки рӯзҳои наздик дар якҷоягӣ хонаи истиқоматии худро рангубор менамоянд.