Масъулияти шаҳрвандӣ асосӣ пешбурди корҳои ободонист!
Бо мақсади татбиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сомон» Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид, ки дар ҷараёни он аъзоён, ҷонибдорон ва ҳамсафони ҲХДТ дар шаҳри Левакант, тоза кардани дарахтони канори роҳ аз шохаҳои нолозим, шинонидани ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан машғул шуда, мавзеи истиқоматии худро аз алафҳои бегона тозаву озода намуданд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев зимни суҳбат бо иштирокчиёни аксия аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадаф аз доир намудани ин гуна чорабиҳо асосан баланд бардоштани масъулиятии шаҳрвандии аҳолӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари онҳо дар пешбурди корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи шоиста аз 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ин мақсади наҷибона расидан, масъулиятшиносӣ ва иштироки бевоситаи ҳар фарди солимфикри ҷомеаро тақозо дорад.
Сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сомон» ба ташкил намудани Аксияи ҳизби тарафдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар рӯзҳои наздик дар якҷоягӣ биноҳои истиқоматии худро рангубор менамоянд.