Чакан муаррифгари мероси қадимаи халқи тоҷик!

.

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар саҳни муассисаи таълимии №13 деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳр чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ-ифодагари фарҳанги қадимаи миллат» доир гардид.

 Чуноне ки ташкилкунандагони чорабинӣ изҳор доштанд, чунин иқдом барои ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримодии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷикӣ ва таҷлил аз ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз роҳандозӣ гардидааст.

Дар чорабинӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Суҳроб Валиев ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Гуландом Ризомова иштирок намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки занону духтарони даврони соҳибистиқлолии кишвар хушбахттарин бонувони сайёра ҳастанд, ки зери партави сиёсати инсонпарварона ва наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодона кору фаъолият менамоянд. Имрӯзҳо зани тоҷик метавонад дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат софдилона меҳнат намояд ва саҳми худро дар пешрафту шукуфоии мамлкат гузорад.

Бо шарофати ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримодии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидани чакан, зани тоҷик дар саросари ҷаҳон ҳамчун нигоҳдоранда ва тақвимбахшандаи ин ҳунари волои қадимӣ ва муаррифгари мероси қадимаи халқи тоҷик шинохта шуд ва маҳсули ҳунар ва эҷоди занони тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.

Дар ин рӯз занону духтарони соҳибзавқ ва ҳунармандони деҳа низ намудҳои гуногуни либоси миллӣ, аз ҷумла чакану попурӣ, атласу адрас, алочаю шоҳӣ ва ғайраро бо дӯхти қадима ва тарҳи нав ба намоиш гузошта, инчунин истеъдоди худро дар омода намудани намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ намоиш доданд.