Созандагиву бунёдкорӣ мароми мост!
Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Нурафшони - и ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» барои азнавсозии роҳҳои маҳалӣ ва дар ин самт ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва сокинон, дар якҷоягӣ бо муссисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр, инчунин истиқоматкунандагон ва фаъолони ҳизб ба ҳашари умуми баромада, роҳи деҳаи мазкур ҳамвору сангфарш карда шуд.
Дар ҳашари мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ватанзода Сайҷафар, Фароғат Назарова ва Суҳроб Валиев иштирок намуданд.
Зимнан, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҳизб Суҳроб Валиев бо ҳашарчиён дар бораи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ карда, қайд намуд, ки корҳои ободониву созандагӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Дар охир сокинони деҳаиНурафшон барои баргузории чунин як иқдоми неки созанда, ҳамвору сангфарш намудани роҳи деҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.