Рӯзи даъватшаванда дар шаҳр

.

Рӯзи 02.04.2019 дар шаҳри Левакант маросими оғози даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хушнудиву шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар рӯзи аввали чорабинҷ ҷавонони зиёде барои иҷрои қарзи фарзандии худ дар назди комисариати ҳарбии шаҳр ҷамъ омаданд.

 

 Дар маросими гусели даъватшудагон муовинони раиси шаҳр аз иқдоми ватандӯстонаи ҷавонон изҳори хушнудҷ намуда, аз волидони онҳо барои тарбияи чунин ҷавонмардони бонангу ор арзи сипос намуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чун ҳарсола имсол низ барои дастгирҷ ва ҳавасмандии 20 нафар ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, курси кӯтоҳмудати рондандагҷ ташкил намуданд, ки онҳо бо шаҳодатномаҳои ронандагҷ таъмин гардиданд.

Фаъолони шаҳр, падару модарон ва пирони рӯзгордида, ки дар маросими гусели наваскарон иштирок доштанд, дуогуи бо сари баланд адо намудани қарзи фарзандии онҳо буданд.