Вохӯрӣ бо хонандагон

.

04 – апрели  соли 2019 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант гуруҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тандурустӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ, ки дар маҷмӯъ 494 нафарро ташкил медод, вохӯрӣ доир намуданд.

 Гурӯҳи корӣ бо хонандагон баҳри пешгирии касалиҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, гигиена ва беҳдошт, муҳоҷирати меҳнатӣ,  ВНМО ва ҳифзи солимии ҷомеа дар байни наврасону ҷавонон суҳбат доир намуданд.

Дар охир баҳри пешгирии бемории ВНМО маркази ВНМО ба хонандагон зиёда аз 200 буклет тақсим намуд.