Шӯрои занон
Рӯзи 4.04.2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шӯрои занони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фаъолзанон доир гардид.
Сараввал дар шӯро ҳисоботи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр З. Шамсулоева оид ба рафти фаъолияти шуро дар семоҳаи аввал шунида шуд.
Дар рафти шӯро масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили ҷиноят аз тарафи занон, даст задан ба худкушӣ, тақлиди бегонапарастӣ, таваллуди хонагӣ ва дигар масъалаҳо, ки боиси нигаронист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.