Ғолибияти хонандагон дар олимпиадаи ҷумҳуриявии номӣ ва даставӣ
Рӯзҳои 6 ва 7 – уми апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявии номӣ ва даставӣ аз фанҳои география, биология, забон ва адабиёти тоҷик ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар ин олимпиада аз шаҳри Левакант 5 нафар хонандагон иштирок намуда, Холов Насим хонандаи литсейи №1аз фанни биология сазовори медали тилло, Шаҳобидини Раҳимбек хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз фанни география сазовори медали тилло ва Сайфуллоева Малика хонандаи литсейи №1аз фанни биология сазовори медали нуқра гардиданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли таҳсили 2018 – 2019 дар олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон, анъанавӣ, номӣ ва даставӣ ҳамагӣ 103 нафар хонандагони муассиаҳои таълимии шаҳр созовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихориро ба даст оварданд. Аз ҷумла дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.