Омодагӣ ба озмун
Рӯзи 8 апрел дар толори китобхонаи марказии шаҳр ҷаласаи навбатии ҳайати Комиссия оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фуруғи субҳи доноӣ...» ва «Ватанро бишнос» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур аъзои комиссия, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, шоирону дигар шахсони мутасаддӣ иштирок доштанд.
Муовини раиси шаҳр бори дигар аз мақсади баргузории озмунҳо ёдовар гардида, ба масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати бо тайёрии ҷиддӣ иштирок намудан дар ин озмунҳо тавсияву супоришҳои қатъӣ доданд.
Қайд гардид, ки озмунҳои мазкур бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, дарёфти истеъдодҳо ва чеҳраҳои нави санъат, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав эълон гардидааст.
Инчунин шахсони мутасаддӣ вазифадор гардиданд, ки то рӯзи 13 апрел ҳуҷҷатҳои довталабонро ба директори китобхонаи марказӣ супоранд.