Рӯзи байналмиллалии саломатӣ.

.

Ҳамасола рӯзи 7 апрел «Рӯзи байналхалқии саломатӣ» таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар муассисаҳои тандурӯстӣ, шиору навиштаҷотҳо насб карда шуда, ба аҳолӣ китобчаҳо ва дигар намуди маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои тиббӣ хизматҳои ройгон ба роҳ монда шуданд.

 Инчунин аз ҷониби мутахассисони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаҳои КАТС – и шаҳр дар муассисаи томактабӣ ва муассисаи таълимии №1 вохӯриҳо доир намуда ба иштирокчиён 756 варақахои пешгирии роҳҳои бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ таксим намуданд.

Кормандони тибби шаҳр вобаста ба тарзи ҳаёти солим, хамарӯза миёни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда истодаанд.