Вохӯрӣ бо ходимони дин
Рӯзи 10.04.2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки Раиси шаҳр, муовини раис, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, имомхатиб, имомони масҷидҳои панҷвақта, котибони ҷамоатҳои деҳот ва раисони маҳал вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Н.Қурбонова дар бораи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дар шаҳр, саҳми ходимони дин дар ободкорӣ, кабудизоркунӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ ҳисобот дод.
Раиси шаҳр Самизода С.З ҷиҳати ҷалби ходимони дин ба амалҳои хайр, маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавсими ҳаҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ изҳори назар намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва босуботи шаҳр саҳми худро дареғ надоранд.