Ғалабаи бузург нишонаи иттиҳоду ҳамдилии халқҳост

.

Рӯзи 10-уми апрел дар муассисаи таълимии № 4 вохӯрии аъзои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони ҷавони ин муассиса, ки ба 74-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр роҳандозӣ гардида буд, баргузор гардид.

 Ҳ. Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, А. Мастов, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Ф. Назарова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, С. Икромова, собиқадори меҳнат дар соҳаи маориф ва дигарон дар бораи ғалабаи бузурги халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили Германияи фашистӣ, саҳми мардуми тоҷик дар муқобили зулму истибдод дар сафҳои пеши ҷанг ва ақибгоҳ, нишонаи олии иттиҳоду ҳамдилии халқҳои сайёра будани ин ғалаба ва воқеаҳои ибратбахши он замон сухан гуфтанд.

Нотиқон инчунин дар суханрониҳои худ ҷавононро ба дӯст доштани ватан, сарбаландона ҳифз намудани марзу буми кишвар, ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ ва ҳоказо ҳидоят намуданд.