Мусобиқаи мототсиклронӣ дар шаҳр
Варзишгари левакантӣ-Қурбон Ҷураев ки Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Левакантро муаррифӣ мекард, дар мусобиқаи мототсиклронӣ аз рӯйи иқтидори муҳаррики 500 ҷойи аввалро ишғол намуд. Инчунин аз рӯйи иқтидори муҳаррики 250 Сайфов Зариф барандаи ҷойи сеюм гардид.
Ин мусобиқаи ҷумҳурявӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 14.04.2019 дар пойгоҳи мототсиклронии шаҳри Левакант дар миёни варзишгарони дастаҳои беҳтарини ташкилотҳои Ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар зӯрозмоии даставӣ варзишгарони шаҳри Душанбе ҷойи аввал, шаҳри Турсунзода ҷойи дуюм ва шаҳри Левакант мақоми сеюмро касб намуданд. Дар даври мусобиқаи тиҷоратӣ низ варзишгарони шаҳри Левакант ҷойи якум ва ТҶММ-и Хатлон ҷойҳои дуюм ва шаҳри Турсунзода ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Ба иттилои Салимов Қ, раиси кумитаи шаҳрии ҷамъияти номбурда мусобиқаро зиёда аз 10500 дӯстдорони ин навъи варзиш тамошо карданд. «Боиси хушнудист, ки таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушду инкишофи соҳаи варзиш хеле назаррас аст. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи имрӯза инкишофи ҳамаҷонибаи варзиш, дарёфти варзишгарони пурқувват ва обутоби ҷисмонии онҳост», - зикр кард Салимов Қ.