Семинар – машварати омӯзишӣ

.

Рӯзи  11 апрели соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 семинари навбатии муовинони директор оид ба таълим доир ба фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2019, №544, фармоиши Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 18.02.2019, №32 ва фармоиши мудири бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант аз 1.03.2019, №22/14 «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2018-2019, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  гузаронида шуд. Дар семинар ҳамаи муовинони директор оид ба таълим иштирок намуданд.

 Муовинони директор оид ба таълим вазифадор  карда шуданд, ки  дар давоми моҳи апрел ҷадвали гузаронидани аттестатсияи хатм ва аз синф ба синф гузаронӣ, протокол ва фармоиши директори муассисаи таълимиро  дар бораи анҷоми соли таҳсили 2018 – 2019   оиода ва пешниҳод намоянд.

Инчунин аз тарафи омӯзгорони  фанҳои забони англисӣ, русӣ Алимардонов Қ., Адилбекова Г. дарсҳои кушоди тарбиявии намунавӣ дар  мавзӯи «Якуми май - Рӯзи байналхалқии меҳнаткашон»  ва «Дӯстии халқҳо» гузаронида шуд.