Семнар – машварат дар партави лоиҳаи «Кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта»
Рӯзи 12.04.2019 бо мақсади тақвият бахшидани механизми равонасозӣ вобаста ба ҳалли мушкилотҳои оилаҳои осебпазир дар «Маркази бонуван»- и шаҳри Левакант бо кормандони лоиҳаи «Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта» семинар- машварат доир гардид.
Мақсад аз баргузории ин семинар-машварат ҳифзи ҳуқуқи қӯдак, дастгирии равонию иҷтимоӣ, дастгирӣ ва ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба кӯдакони оилаҳои осебпазири дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта ва пайвастагии онҳо бо идораҳои бақайдгирии шаҳрвандӣ, гирифтани шаҳодатнома ва шиносномаҳо, инчунин ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд равона карда шудааст.