Пойдории давлат аз масъулияти баландии ватандории мо вобаста аст!

.

16-уми апрел дар муассисаи таълимии №14 бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ доир гардид, ки ба он собиқадорони Шӯрои ҷангу меҳнати шаҳр даъват шуда буданд.

 Ба гуфти Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъба кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо дар арафаи ҷашни 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар якчанд муассисаҳои таълимии шаҳр ба нақша гирифта шуда, мо кӯшиш менамоем, ки ба онҳо шахсони обрӯманди ҷомеа ва собиқадорони ҳизб ва соҳаҳои мухталифи шаҳрро ҷалб намоем ва бо ин роҳ дар тарбияи ватандӯстиву маънавии ҷомеа саҳмгузор бошем.

Фароғат Назарова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант,        Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, Абдулҳаким Мастов, собиқадори соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Раҳмон Раҳимов, собиқадори соҳаи маориф дар бораи солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нақши фарзандони халқи тоҷик дар сафи пеши ҷанг  ва ақибгоҳ, нишонаи олии иттиҳоди халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ғолибияти онҳо ба муқобили қувваи бадӣ сухан гуфтанд.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо ояндаи босаодат ва пойдории ҳар давлату миллат аз эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони он сарчашма мегирад. Аз ин рӯ насли навраси имрӯзаро лозим аст, то ки бо хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, дониши баланди забонҳои хориҷӣ, илмҳои муосир ба муқобили ҳамагуна қувваҳои тундрав истодагарӣ намуда, нигаҳдорандаи якпорчагии давлат ва мустаҳкамии ҷомеаи Тоҷикистон бошанд.