Солимии ҷомеа аз мо вобастаги дорад!

.

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Сохтори госпитали беморхона»-и шаҳри хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар, муовини Раис мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумита Фароғат Назарова, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Суҳроб Валиев иштирок доштанд.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар оғоз намуда, қайд намуданд, ки Асосгӯзори сӯлҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, қайд намуданд, ки мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем.

Илова бар ин дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешавад. Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузори мешавад, ба мушоҳида мерасад.

Инчунин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун неруи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва шукуфоии кишвар мегузоранд. Ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калиди дорад.  Он дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат бо риояи қонунҳо, дар ҳамкорӣ бо сохторҳо фаъолияти судманро ба роҳ мондааст. 

                 

Дар охир ҳамаи иштирокчиёнро барои иҷрои корҳои созандагию ободонӣ даъват намуданд.