Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хизмати халқ аст!

.

Тибки чадвали тасдикгардидаи Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Левакант, оид ба татбики амалии Аксияи хизби тахти унвони «Якчоя хал мекунем» дар ташкилоти ибтидои хизбии «Дустӣ»  хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизби баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷафар, муовини раиси Кумитаи ичроия Фарогат Назарова, мудири шуъбаи таблигот иттилоот ва матбуоти Кумита  Сухроб Валиев, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Ибодуллоева Нуринисо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханрони Ватанзода Сайҷафар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, моҳияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишварро ба иштирокдорон фаҳмонид.

Инчунин аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.

Дар қисмати амалии Аксия кормандони ташкилоти номбурда бинои истиқоматии худро рангу бор намуда, тоза кардани назди бино аз партовҳо, нарм намудани бехи дарахтон, ҳамзамон мавзеи истиқомати худро аз алафҳои бегона тозаву озода намуданд.