Корвони саломати дар шахри Левакант тахти шиори «Саломати ганчи бебахо»!
Тибки чадвали тасдикгардидаи Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Левакант санаи 6 феврали соли чори оид ба татбики амалии Аксияи хизби тахти унвони «Якчоя хал мекунем» дар ташкилоти ибтидои хизбии дехаи Гулистони чамоати дехоти «Гулистон» дар якчояги бо маркази саломатии шахр, корвони саломати, тахти шиори «Саломати ганчи бебахо»! баргузор гардид.
Корвони саломати ройгон буда аз тарафи табибон ва хамширагони шафкат, сокинони дехаи мазкур аз муоинаи тибби гузаронида, маслихатхои муфид дода шуданд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Левакант Фарогат Назарова, мудири шуъбаи таблигот иттилоот ва матбуоти Кумита Сухроб Валиев иштирок ва суханрони намуданд.
Зимни суханрони мудири шуъбаи таблигот, иттилоот ва матбуоти Кумита Сухроб Валиев аз Паёми сарвари давлат кайд карданд, ки соли ҷори бо максади пурзур намудани чавобгарии маъмури ва чинояти барои гайриконуни ба худуди Ҷумҳурии Точикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё мухлати истифодааш гузашта ё истехсол кардани онхо дар малакат, инчунин дар натичаи фаъолияти тибби ба беморихои сирояти гирифтор шудани мизочон ба конунгузори тагйирот ворид карда шуд.
Инчунин Рохбари давлат мухтарам Эмомали Рахмон дар баромадашон кайд намуданд, ки мо дар оянда низ халли масъалахои ичтимои, аз чумла гамхори дар хакки гуруххои осебпазири ахоли, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эхтиёчманд ва нафакахурону собикадоронро аз чумлаи вазифахои мухимтарини худ мешуморем.
Дар охир сокинони дехаи мазкур барои ташкил намудани чунин як амали хайр яъне ташхиси ройгон изхори каноатманди намуда, шукронаи тинчию оромии Точикистони азиз тахти сарвари махбубамон Пешвои миллат мухтарам Эмомали Раҳмонро иброз намуданд.