Солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд!
Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳр Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бо хонандагон вохӯри доир гардид.
Дар вохӯри мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Гуландом Ризомова иштирок намуда, атрофии якчанд мавзӯъи муҳимие, ки аз китоби «Каъбаи умеди мо халқ асту бас» баромад намуда, иброз намуданд, ки дар баробари дигар омилҳои хатарсоз ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО, (ВИЧ/СПИД), ва Гепатити С бисёр ташвишоваранд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист. Бахусус аз бемориҳои сирояткунандаи ҷинси ба монанди оташак-сифлис, бемории сузокгонорея, хламидиоз, трихомониаз, педикулез ва ВНМО/АНМО, яъне вируси норасоии масунияти одам/ аломати норасои масунияти одам (ВИЧ/СПИД).
Инчунин, бемории Гепатити С, ки таввасути хун мегузарад, яке аз бемориҳои хатарнок буда, инсон дар як ду моҳи сирояёбӣ худаш инро ҳис намекунад, аммо дар айни замон ба манбаи паҳнкунандаи он табдил меёбад. Дар дунё миллион одам гирифтори вируси Гепатити С мебошад, ки ҳамасола беш аз 300-350 ҳазор одам аз ин беморӣ, ҳалок шуда, 3-4 миллион нафари дигар сироят меёбад, ки ин раванди афзоиш боиси ташвиш гардидааст.