Шарти асоси солимии мардум

.

19 апрели соли ҷорӣ дар беморхонаи №1 ва маркази саломатии деҳаи Тоҷирони ҷамоати деҳоти «Гулистон» гурӯҳи корӣ аз ҳисобои духтури шуъбаи вогиршиносии маркази мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Холов С., духтури шуъбаи диспансерии маркази мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Алимов И.С., ёрдамчии духтури вогиршиносии маркази мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Қосимова М., ёрдамчии духтури диспансерии маркази мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Камолова З. ва директори маркази саломатии деҳаи Тоҷирон Сайдулоев С дар байни табибион ва ҳамшираҳои тиббӣ, ки 70 нафарро ташкил медоданд, вохӯри доир намуданд.

Мутахассисон оиди пешгирии ВНМО, сабаб ва пайдоиши ВНМО, роҳҳои гузариш, кам кардани хатари сироятёбӣ аз ВНМО, риоя намудани тарзи ҳаёти солим, истифодаи таҷҳизотҳои тиббии яккарата, муоинаҳои ҳатмии шахсони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, никоҳшавандагон то ақди никоҳ корҳои фаҳмондадиҳи бурданд.