ДАВРИ ШАҲРИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!»
Рӯзи 18.04.2019 дар толори қасри фарҳанги шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ равона шудааст, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 40 нафар иштирок намуда, маҳорату санъати худро нишон доданд. Аз ин шумора 9 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Беҳтаринҳо бо сипосномаи раиси шаҳр ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.