Ифтитоҳи боз як варзишгоҳи хурд
Рӯзи 19.04.2019 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Левакант ташриф оварданд.
Мақсад аз ташрифи Вазири корҳои дохилӣ ифтитоҳи майдончаи варзиши аст. Варзишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр барои ҷавонону наврасони шаҳр сохта ба истифода дода шуд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо зиёда аз 600 нафар ҷавонони шаҳр дар толори қасри фарҳанг вохӯрӣ доир намуда, дар бораи хатари терроризм ва экстремизм дар замони муосир, пешгирии шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон, пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои он, мубориза бар зидди муомилоти ғайри конунии маводи мухаддир, ки яке аз проблемаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ҳамсуҳбат шуд.
Дар охир аз ҷониби Вазири корҳои дохили ба ғолибони олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон ва дигар ҷавонони фаъоли шаҳр туҳфаҳои молиявӣ расонида шуд.