Ҳашари дастаҷамъона

.

Дар асоси  Амри сардори мудофиаи граждании вилояти Хатлон аз    аз 5 апрели  соли 2019, №9 дар бораи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Левакант рӯзҳои 18.04 то 20.04 соли 2019 оид ба гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, каналҳо, селроҳаҳо, сойҳо ва заҳбуру заҳкашҳо бо тариқи  ташкили ҳашари дастаҷамъӣ гузаронида шуд.

Дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» деҳаи Тоҷикобод, роҳҳои маҳалли аз фаромадани сангпораҳо ва тоза намудани  селроҳаи деҳа бо ҷалби 235- нафар аҳолии ҷамоати мазкур  ба  масофаи 300  метр  тоза  карда шуд. 

Баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда аз тарафи кормандони Силсила неругоҳи обию  барқии «Вахш» 30 нафар дар деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» тоза намудани қубури селгузар ба масофаи 50  метр тоза карда  шуданд.         Инчунин дар мавзеи ҷамоати деҳоти «Гулистон» деҳаҳои Гулистон, аз тарафи муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳр барои пур намудани селроҳаи деҳа бо сангу шағал бо 1- адад  техника (мехлапата)  ба масофаи 20  метр  бартараф  карда шуд.

Рӯзи 20- апрел  дар мавзеи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» деҳаи Навобод аҳолии деҳаи мазкур ба таври ҳашар ҷамъ 150 - нафар ва кормандони ҷамоат ба масофаи 150 метр чуқурии селроҳа  пур карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи кормандони ташкилоту идораҳои шаҳр барои тоза намудани ҷӯйборҳои гирду атрофи корхона зиёда аз 135 нафар барои пешгири намудани ҳолатҳои фавқулода ҷалб гардидаанд