Вохӯриҳо давом доранд....

.

16 – апрели  соли 2019 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Тоҷирони ҷамоати деҳоти «Гулистон» гуруҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тандурустӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Гурӯҳи корӣ бо хонандагон баҳри пешгирии касалиҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, гигиена ва беҳдошт, муҳоҷирати меҳнатӣ,  ВНМО ва ҳифзи солимии ҷомеа дар байни наврасону ҷавонон суҳбат доир намуданд.

Дар охир баҳри пешгирии бемории ВНМО маркази ВНМО ба хонандагон зиёда аз 70 буклет тақсим намуд.