Консерти ҳисоботии мактаби санъати бачагона

.

Рӯзи 20.04.2019 дар толори қасри фарҳанги шаҳри Левакант консерти ҳисоботии мактаби санъати бачагонаи шаҳр бо иштироки зиёда аз 600 нафар тамошобин баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур хонандагон ҳунару истеъдодҳои худро бо санъати баланд намоиш доданд.

Дастпарварони мактаби санъати бачагона дар навохтани асбобҳои мусиқӣ, аз қабили фортепианно, скрипка, чангу рубоб, ғижжаку клорнет ва таблаку дойра маҳорати беҳамто нишон доданд.