Вохӯриҳо баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ
Рӯзи 22.04.2019 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиришиноси Муассисаи давлатии ВНМО Холов С. Ҷ., директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим – Акрамова С., директори МТМУ № 5 Баротов А. ва ҳамшираи минтақа Маҳмадхонова М. дар деҳаи Хуррамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» баҳри пешгирии касалиҳои сироятӣ, нашъамандӣ, тамокукашӣ, майпарастӣ, ВНМО ва ҳифзи солимии ҷомеа дар байни хонандагони синфҳои болоӣ, ки 136 нафарро ташкил медод, вохӯрӣ доир намуданд.
Ба хонандагон аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба тарзи гузариш, пешгирӣ аз мубталошавӣ ва аломатҳои бемории мазкур иттилоъ дода шуд.
Баъдан баҳри пешгирии бемории ВНМО (СПИД ) аз тарафи маркази ВНМО дар якҷояги бо маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим зиёда аз 110 – варақаҳои иттилоотӣ дастраси иштирокчиён гардонида шуд.