Семинари директорони муассисаҳои таълимии шаҳр

.

Рӯзи 19 – уми апрели соли равон дар МТМУ №13 семинари навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзӯи «Тартиби ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунанда ва кормандони маориф» баргузор гардид.

Инчунин конференсияи илмӣ – адабӣ дар мавзӯи «Сардафтари адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ» аз тарафи омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик Раҷабова К. ва Хайриева З. гузаронида шуда, хонандагон аз ашъори Садриддин Айнӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуда, аз повести «Одина» саҳначаҳо иҷро намуданд.