Мардум дар роҳи созандаи ҲХДТ қадам мениҳанд
Рӯзҳои 23-24 апрел бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи Тоҷикобод як қисмати роҳҳои дохили деҳа, ки аз боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сел зарар дида буданд, сангфарш карда шуданд.
Чуноне ки Ватанзода Сайҷафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни суҳбат бо мардум изҳор дошт, ин иқдом дар пайи амалӣ сохтани тадбирҳо оид ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида истодааст.
- Имрӯзҳо сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагию бунёдкорӣ ва инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда, аз ҷумла тахту ҳамвор сохтани роҳҳо, азнавсозии пулу кӯпрукҳо, тозаю озода намудани муҳити зист, шинонидани гулу дарахтон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ба шумор мераванд. Тавассути ин гуна ҳашарҳо ва корҳои дастаҷамъона мо метавонем бисёр мушкилоти ҷойдоштаро дар маҳалҳо бартараф намоем,-илова кард Ватанзода С.
Чуноне ки иттилоъ дода шуд ин иқдом тавассути амалҳои хайри истиқоматкунандагони ин деҳа Ҳоҷӣ Абдукарим Ҳалимов, Ҳоҷӣ Аҳад ва Абдуназар Мирзоев амалӣ шуда, барои тахту ҳамвор гардидани роҳ аз техникаҳои пуриқдор истифода мешавад. Дар ин баробар бо ҷавонони деҳа бо раҳнамоии пирони рӯзгордида пули мошингузари деҳаро таъмир намуда, ҷӯйҳоро аз партовҳо тоза карданд ва дар ҳамвор кардани роҳ саҳм гузоштанд.