Рӯзи Ғалаба нишонаи иттиҳоди халқҳост

.

23 апрел бахшида ба 74-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бузургдошти хотираи неки шаҳидони ин ҷанги хонумонсӯз дар муассисаи таълимии №5 вохӯрии аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, кормандони масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо хонандагони синфҳои болоии ин муассисаи таълимӣ доир гардид.

 Н. Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни ифтитоҳи вохӯрӣ аз ҷумла изҳор дошт, ки ин ғалаба тавассути ҷонбозиҳои бемислу монанди халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада, намунаи олии ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва иттиҳоди халқҳои мухталиф бар зиддӣ ҳар гуна қувваи бадӣ мебошад.

Ҳ. Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, А. Мастов, собиқадори соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва В. Бердӣ, собиқадори соҳаи маориф низ вобаста ба дӯст доштани Ватан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳофизат намудани марзу буми кишвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои он сухан гуфтанд.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо низ дар муқобили падидаи номатлуби аср-терроризм бояд ҳама, новобаста аз мансубияти миллӣ муттаҳид бошем. Ин ягона роҳест, ки метавонем тавассути он дар решакан кардани терроризм ва эмин нигоҳ доштани амнияти ҷомеа муқобилат намоем.