Дар сарсабзии кӯчаҳои шаҳр саҳмгузорем
Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант рӯзи 24-уми апрел дар ташкилоти ибтидоии Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ»-и шаҳр бо иштироки Фароғат Назарова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар самти ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.
Фароғат Назарова вобаста ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти он ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки имрӯз вазифаи ҳар яки мост, то қарзи фарзандию имонӣ будани ин амали ҷавонмардонаро ба ҷавонон расонем ва тавонем, ки дар ниҳоди онҳо эҳсоси гарми дӯст доштани Ватан, муҳофизат аз марзу буми кишвар ва арзишҳои онро бедор намоем.
Дар ин рӯз инчунин дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби ташкилоти ибтидоии КДФ «Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ» дар кӯчаҳои марказии шаҳр намудҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Ба иттилои масъулин то имрӯз аз ҷониби ин корхона дар боғҳои фарҳангӣ ва кӯчаҳои шаҳр беш аз 25 ҳазор гулҳои мухталифи мавсимию доимӣ шинонида шуда, наздики 10 ҳазор аз ин гулҳо барои шинонидан омода карда шудаанд.