Рӯзи мудофиаи гражданӣ
Рӯзи 26.04.2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагии мақомотҳои идоракунӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани заминларза, ташаккул ва инкишоф додани дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гаржданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудани мактаббачагон, баланд бардоштани сатҳи омодагии кормандони муассисаи таълимӣ дар ҳолати сар задани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ дошта аз ҷумла рӯҳию маънавӣ, омода будан ва расонидани кӯмак ба кӯдакон дар ҳама гуна вазъиятҳо “Рӯзи мудофиаи граждани” доир гардид.
Хонандагони муассиса дар чорабинӣ фаъолияти хуб нишон дода, сатҳи омодагиро ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ дошта, аз ҷумла ҳангоми ба амал омадани заминларза намоиш доданд.