Омодагӣ ба истироҳати тобистонаи кӯдакон

.

Рӯзи 27.04.2019 дар бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинар бо сардорони лагерҳо, мураббиёни майдончаҳои истироҳатии назди мактабии тамоми муассисаҳои таълими, литсейҳо ва муассисаҳои томактабӣ дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019 баргузор гардид.

 Дар семинари мазкур таъкид карда шуд, ки то 15 майи соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозӣ ва кабудизоркунию ниҳолшинони ба анҷом расонида шавад. Ҳамаи намудҳои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар асоси хулосаи маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ  ба роҳ монда  мешаванд.

Таъкид карда шуд, ки фароғатгоҳҳои назди мактабӣ барои кӯдакону наврасон бо кормандони мавсимӣ, инчунин ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони лаёқатманд  таъмин карда  шавад.

Ба истироҳати тобистона дар соли 2019 3085 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат фаро гирифта мешаванд.