Мо бояд ба қадри ҷонбозиҳои собиқадорони ҷанг бирасем

.

Бо иштироки аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант рӯзи 30 апрел дар муассисаи таълимии №10-и деҳаи Зағиртут вохӯрӣ доир гардид, ки масъалаҳои меҳварии онро 74-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ва қарзи имонии ҳар ҷавонмард будани муҳофизати марзу буми Ватан дар бар мегирифт.

Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, Абдулҳаким Мастов, собиқадори соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Худойназар Ашуров, собиқадори соҳаи маориф, Фароғат Назарова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни суҳбат дар бораи сабабу омили ба вуқуъ пайвастани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иттиҳоди тамоми мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили зулму истибдоди фашизм ва қаҳрамонии бемисли фарзандони халқи тоҷик дар ин ҷанг сухан гуфтанд.

- Ҳарчанд имрӯзҳо иштирокчиёни ҶБВ хеле кам, дар тамоми ноҳияҳои минтақаи Бохтар ҳамагӣ 64 нафар боқӣ мондаанд, аммо хотираи неки онҳоро ҳамеша ҳамчун қаҳрамон, размандагони роҳи озодӣ ва намунаи олии ватандӯстию ватандорӣ дар дилу дидаи мо боқӣ хоҳад монд, - қайд намуд Ҳ. Султонов.

Ҳамин тавр нотиқони дигар низ дар хусуси расидан ба қадри  хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат, расидан ба Истиқлолият ва ваҳдати сартосарӣ дар кишвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, иҷрои қарзи ҷавонмардӣ, яъне хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳарф заданд.