Омилҳои хушбахтӣ дар оила

.

Рӯзи 30.04.2019 бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016, №40 «Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон», оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ бо иштироки оилаҳои намунавии ибратомӯз, собиқадорон, занони фаъоли соҳибкор ва зиёиён барномаи телевизионии «Асрори хушбахтӣ» дар идораи телевизион ва радиои вилоят баргузор гардид.

 Омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, интихоби дурусти ҳамсар, соҳибкасбӣ ва соҳибмаълумотии ҷавонон, таҳаммулпазирӣ, ҳурмати калонсолон, бартараф намудани падидаҳои зӯроварӣ дар оила омилҳои асосии хушбахтӣ дар зиндагист иброз дошт Набиева. Ф – мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила.

Дар барномаи мазкур оилаҳои ибратбахш, собиқадорони меҳнат ва занони рӯзгордида иштирокнамудана, аз таҷрибаи ҳаётии худ қисса намуданд.