Рӯзи забони англисӣ

.

Рӯзи 30.04.2019 сафири шоҳигарии Британияи Кабир  Ҳю Стенли Филпотт ба маркази таълимӣ ва омӯзиши забони англисӣ СВОРДЕ – ТЕППА дар шаҳри Левакант ташриф оварданд.

 

Ҳар сол санаи 30 – юми апрел маркази мазкур рӯзи забони англисиро  мегузаронад. Сафири шоҳигарии Британияи Кабир Ҳю Стенли Филпотт зимни ташрифи худ ба ин марказ ба 39 нафар хонандагони  СВОРДЕ – ТЕППА сертификат доданд.