ОЗМУН оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ки рузӣ 01.05.2019 гузаронида мешавад.
Озмун дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зайл пешниҳод карда мешаванд:
- Барои шахсони воқеӣ - нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
- Барои шахсони ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва Оинномаи шахси ҳуқуқӣ;
- Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ.
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 01.05.2019 қабул карда мешаванд.