“Инсони оқилро андеша бояд !”
Имрӯз вақте, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мекунӣ хабарҳое ба чашм мерасад, ки касро дар ҳайрат мегузорад. Аз он ҷумла фавти Шейхов Абдулло Маҳмадаминович дар шаҳри Дортмунти Олмон, ки умри на чандон тўлоние яъне ҳамагӣ 46 сол умр доштааст.
Ин ҳам яке аз ҳамон ҷавононе ҳаст, ки дар доми фиреби ТЭТ ҲНИ афтида дур аз ватан дар ғарибӣ умр ба сар мебурд. Бинед, ки роҳбарон ва хоҷагони ин ташкилоти бо ном ҳомии ислом ҷавононро аз ватан беватан мекунанду дар ҳолатҳои сахту ногувор онҳоро ба гўшаи фаромўшӣ месупоранд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо Шейхов Абдулло мебошад, ки рўзи 9-уми октябр дар шаҳри Дортмунти Олмон ҳаётро падруд гуфт ва ҷасадаш дар диёри ғурбат бесоҳиб монд. Барои инсони оқил ин воқеа бояд дарси ибрате бошад, зеро агар номбурда ба доми фиреби роҳбарони хиёнатпешаи ТЭТ ҲНИ намеафтоду дар оғуши ватани азизаш зиндагӣ ва кору фаъолият мекард, ҳаргиз ба ин рўзи сиёҳ намеафтод ва ҷасадаш бо як обрўю иззат дар хоки поки ватан дафн мегардид.
Аз ин хотир, ба ҳар як нафаре, ки ақлу андешаи солим дар сар дорад, гуфтанием, ки набояд дар ин ҳаёти дурўзаи дунё фирефтаи нафарони хиёнатпеша ва муғриз афтода, ҳаёти азизу гаронбаҳои худ ва наздиконашро дар ивази ваъдаҳои дуруғини онҳо ба боди фано диҳанд ва оқибат чун Шейхов Абдулло дар диёри ғурбат хору залил ва бо сад ҳасрату надомат ин дунёро тарк гўянд.
Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон