КУМИТАИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ СММ АЗ КАДОМ МАҲДУДИЯТ МЕГӮЯД
Дар ҷумҳурӣ мувозинати риояи ҳуқуқи инсон дар сатҳи муътадил қарор дорад. Вале аз чи сабаб бошад, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ин самти авлавиятҳои муҳими кишварро хеле камранг ва бесамар нишон медиҳад.
Дар камрангсозии нақши давлату ҳукумат ҷиҳати рушди раванди нигоҳдории риояи ҳуқуқи инсон дасти гурӯҳҳои душмани давлату миллат назаррас аст. Масалан, ҳаракати ифротии ба ном наҳзати исломӣ ҳар коре карда талош намуд тули ин муддатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иттиҳомоти аз ҷумла нақз ё поймол намудани ҳуқуқи инсон гунаҳкор созад. Чунин ба назар мерасад, ки Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид манфиатҳои аввалиндараҷаи кишвари моро бахши муҳиммот ё чун маводи мавриди назар дар натиҷагирии худ қарор намедиҳад. Ин метавонад самараи иттиҳомоти душманон алайҳи давлату миллати тоҷик арзёбӣ гардад.
Он нуқтаҳое, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ зимни натиҷагирӣ аз ҳисоботи кишвари мо баён намудааст, ғайривоқеӣ ва туҳматанд. Маслан, дар хусуси ба «муддати тулонӣ» зиндонӣ гаштани зиндониён, ки Кумитаи СММ онро мушкили мақомот ва ҷузъи поймолкунии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон меномад, имкон надорад чунин бошад. Ҳар як ҳалномаи судӣ дар асоси факту далел аз хусусияти ҷинояти содирнамуда бароварда мешавад. Инро як таҳқир ба суроғаи кишвари мо аз тарафи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ гуфтан мумкин аст. Чумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Тасаввури чунин манзараи сарди ҳуқуқӣ дар кишвари дорои муҳити демократии мо ғайривоқеӣ ва ношуданист.
Аз тарафи дигар СММ сатҳи шуури демократии ҷомеаи қонунмеҳвари моро дар сатҳи паст баҳо додааст, ки месазад ба гунаи «аппелятсия» як маротибаи дигар бардоштҳои худро мавриди таҳқик ва санҷиши дақиқ ба роҳ монад. Тамғаи «сифати аврупоӣ» ё «стандарти байналхалқӣ» -и таҳқиқот ва пажуҳиши Кумитаи СММ нисбат ба вазъи ҳуқуқии воқии ҷомеаи мо, ангезаи бознигарии масоили болозикрро истисно намекунад.
Икромиддини Шуҳрат, рӯзноманигор