КИШВАРҲОИ АРАБӢ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМРО ДАР ҚАТОРИ ДИИШ ВА АЛ-ҚОЙИДА МЕДОНАНД
Ҳизби наҳзати исломӣ, гузаштаи хушунатбор ва ҳозираи дурӯғу гумроҳкунӣ (Сомонаи Баладна.нюз. 02.06.2020)
Ҷузъиётро дар ссылка (иқтибос)-и зерин ҷустуҷу намоед:
www.baldnanews.com\defaultnews\2020-06-02\211907
Амалҳои террористии даҳшатовар, ки солҳои охир аз ҷониби ҳар гуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дар миқёси ҷаҳон содир мегарданд, далолат аз он медиҳанд, ки имруз терроризм ва экстремизми хушунатомез ба яке аз хатарҳои аввалиндараҷаи дунёи муосир мубаддал гаштааст.
Яке аз чунин ташкилотҳои террористие, ки ҳаракати пинҳонкори исломиро дар Иттиҳоди Шуравӣ ва бахусус дар Осиёи Марказӣ ташкил дод, ғояҳои ифротиро таблиғ менамуд ва фаъолияти худро дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Афғонистон пеш мебурд, ин “Ҳизби наҳзати ислом” буд. Мақсади асосии ин ташкилот барпо намудани сохти давлати исломӣ ва хилофат дар ҳудуди кишварҳои зикршударо дар бар мегирифт.
Агар пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломии Ироқу Шом” таърихи 5 сола дошта бошад, айнан ғояҳои монанд ба он дар ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом” ҳануз дар асри гузашта дида мешуд. Онҳо ба таври ваҳшиёна дар солҳои 90ум асри гузашта зиёда аз 150 000 шаҳрванди осоиштаро террор намуданд. Бинобар ин, ҳайратовар нест, ки имрузҳо аъзои ин ташкилот дар сафи ҷангиёни ДИИШ дар давлатҳои Ироқу Сурия меҷанганду, мутаассифона амалхои ҷинояткоронаи хешро дар кишварҳои осоишта давом медиҳанд.
Баъди ҳаракати охирон ва ноком шудани ташкилоти номбаршуда аз табадулоти давлатӣ, ки сентябри соли 2015 руҳ дода, боиси ҷон бохтани зиёда аз 50 нафар мардуми осоишта гардид, роҳбарият ва аъзои фаъоли ташкилоти болозикр, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови ҷиноятӣ қарор гирифта, дар ҳудуди кишварҳои Аврупо зери ниқоби оппозитсияи ҳукумати кунунӣ ва гуногунфикрони сиёсӣ хамчун паноҳанда, гуреза ё худ муҳоҷирони оддӣ иқомат доранд.
Роҳбари ин ташкилот М. Кабирӣ айни замон дар хориҷӣ кишвар тактикаи дигарро бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, аниқтараш роҳи “демократикунонии” ТТЭ “ҲНИ”-ро, ки ба дини мубин ва поки ислом ягон рабт надорад, пеш гирифтааст.
Чунончӣ, 3 июни соли 2016 ӯ ба саволи мухбири Агентии иттилоотии “Настоящее время” оиди “Номи “Ҳизби наҳзати ислом” аксариятро дар чаҳон, махсусан ононе, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-ро намедонанд, ба ҳарос меорад” ҷавоб дода буд, ки “Мо - ҳизби халкӣ, ки ба муқаддасоти умумиинсонии динӣ асосёфтааст, хастем”.
(https://www.currenttime.tv/a/27776806.html). Яъне ӯ дар ин мусоҳиба бинобар дар кишвраҳои Аврупо қарор доштанаш бори аввал аз “исломӣ” будани ташкилоташ даст кашида, илова намуд, ки ин корро мехост ҳануз 10 сол пеш кунад.
27 июни соли 2019 дар мусоҳиба бо хамон Агентии иттилоотӣ ӯ кайд кардааст, ки “мо хоҳони сохтори давлати динӣ ва теократӣ дар Тоҷикистон нестем. Мо ҳизби демократӣ бо номи исломием”. Ҳамзамон, сабаби исломӣ” будани номи хизбро М.Кабирӣ дар муд будани номи ислом дар солҳои пешин маънидод кардааст ва илова намудааст, ки айни замон зарурати иваз намудани номи ҳизб пеш омадааст ва аз болои он кор бурда мешавад (https://www.currenttime.tv/a/taiikistan-civil-war-kabiri- rakhmon/30024238. h tm 1V
Лекин, изхоротхои М. Кабирӣ, ки ба воситаҳои ахбори омма ва макомоти дахлдори кишварҳои паноҳбурдааш дар бораи “демократӣ” будани ташкилоташ мегуяд, дар амал тамоман ранги дигар доранд.
Дар маводҳое, ки тавассути сомонаи расмии ташкилоти ТТЭ “ҲНИ” (www.payom.net) паҳн мегарданду, онро ҳазорон нафар шаҳрвандон мехонанд, сураву оятҳои Қуръони Карим - китоби муқаддаси мусулмонони дунё ба таври нодуруст ва ифротӣ шарҳу тафсир дода шуда, хонандагон ба гумроҳӣ, амалҳои ҷинояткорона, антисемитизм ва бадбинии ғайримусулмонҳо ҳидоят карда мешаванд.
Мисол, дар матлаби “Хашми Худо чӣ паёмаде дорад?” аз 6 марти соли 2020 аз ҷумла гуфта мешавад, ки “шахси мавриди хашми Худо қароргирифта, дигар ба роҳи рост ҳидоят намеёбад”. Ҳамчун сабабҳои ба хашми Худо қарор гирифтан - монеъ шудан аз пешрафти ислом; иртидод, яъне хориҷ шудан аз ислом; фирор аз майдони мубориза ва ғайраҳо оварда шуда, гуё аз номи Худованд муроҷиат карда шудааст, ки “Эй муъминон! Ҳангоме, ки бо кофирон рӯ ба рӯ шудед, дар ҳоле, ки анбуди лашкарашон ба сӯи шумо меоянд, пушт ба онҳо накунед! Ин дӯстдори Худованд ҳамаи касонеро, ки аз майдони мубориза, чӣ муборизаи низомӣ бошад ва чӣ муборизаи сиёсӣ, дар бар мегирад”.
Дар маҷмӯъ мақолаи мазкур пурра ба шиорҳое, ки ДИИШ ҳангоми ҷалби шаҳрвандон ба сафи ҷангҷӯёнаш истифода мебарад, шабоҳат дорад. Маҳз ҳамин ва ба монанди он шиорҳо аз ҷониби ТБТ ДИИШ то имрӯз истифода бурда мешаванд.
Баъдан ба гуфтаҳои Паёмбарони Худо ранги ифротӣ дода, қайд гардидааст, ки “Бидонед, ки дар миёни шумо фармонравоёне хоҳанд омад, ки барои худ ба гунае ва барои шумо ба гунаи дигаре доварӣ хоҳанд кард. Агар ононро нофармонӣ кунед, шуморо хоҳанд кушт. Ва агар аз онон фармонбардорӣ намоед, шуморо ба бероҳа ва гумроҳӣ хоҳанд андохт. Аз Паёмбар пурсида шуд: Эй Паёмбари Худо (с) онгоҳ чи коре бояд анҷом бидиҳем ва кадом роҳро интихоб кунем? Фармуд: “ҳамонанди шогирдони Исо ибни Марям амал кунед, ки бо арра ду ним шуданд ва онҳоро ба дор овехтанд, зеро марг дар фармонбардории Худованд, беҳтар аз зиндагӣ дар маъсиияти ӯст”.
Дар давоми ин матлаб гуфта мешавад, ки “Мурод аз зиндагӣ накардан дар маъсияти ӯ ҳамкорӣ накардан бо чунин фармонравоён ва мубориза бурдан бо онон аст”.
Бо шахсоне, ки чунин муборизаро намебаранд, боз аз номи поки Худованд суиистифода бурда, гуё аз суханони ӯ менависанд, ки “касоне, ки дар дилхояшон беморӣ аст, мебинӣ, ки дар дустии онҳо (яъне ситамгорону кофирон) шитоб меварзанд. Касоне, ки имон овардаанд, мегуянд: Оё инҷо буданд, ки бо шадидтарин савгандҳояшон савганд хурданд, ки бо шумо ҳастанд!? Ҳаққо, ки амалҳои онон (мунофиқон) ботил ва беҳуда гашт ва худ зиёнкор шуданд. Худовандро шукр мегуем, ки моро аз ҷумлаи ин буздилҳо нагардонид”.
Бо ин гуфтаҳо, “ҲНИ” бо роҳбарии М. Кабирӣ бо суистифода аз боварии динии хонандагон онҳоро ба гумроҳӣ бурда, ба тағйир додани сохти конститутсионӣ бо роҳи зӯроварӣ ҳидоят менамояд.
Модоме, ки мардуми Тоҷикистон дар Конститутсияи хеш давлати дуняви будани Тоҷикистонро интихоб карда бошанд ҳам, ТТЭ «ҲНИ» тарзи зиндагонии шариати ва сирф исломиро тавсия дода, бо пешниҳодҳои ифротгароёнаи хеш мехоҳад мардум ҳатто аз муқаддасоти умумибашарӣ даст кашад.
Ногуфта намонад, ки сомонаи мазкур ба чузъ забони точикӣ (хуруфотӣ кирилӣ), ба хуруфоти форсӣ низ фаъол аст, ки онро аксарияти аҳолии Тоҷикистон хонда натавониста, танҳо аз ҷониби хоҷагони хориҷии онҳо фармоиш шудан ва маблағгузорӣ шудани ташкилоти террористӣ- экстремистии “ҲНИ” далолат медиҳад.
Гуфтахои боло далолат аз он медиҳанд, ки роҳбарияти ташкилоти террористӣ-экстремистии “ҲНИ” ҳеч гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз роҳи қадимаи пешгирифтаи хеш - сохтмони давлати исломӣ ва хилофат пас нагашта, бо тамоми роҳу усулҳои вуҷуддошта баҳри расидан ба ҳадафхои нопок ва ҷинояткоронаи хеш ақиб намегарданд.