Пешгирии нашъамандӣ ва зарари тамоку

.

Рӯзи 14. 05. 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ барои  амали гардонидани  ҳадафҳои Барномаи “Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” ва “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020” дар муассиса чорабинӣ таҳти унвони “Нашъмандӣ вабои аср” доир гардид.

 Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ ба хонандагон фаҳмонидани зарари нашъмандӣ, тамоку, пешгири намудани аз касалиҳои сироятии ВНМО ва интихоби ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва наврасон мебошад.

Бо ҳамин мақсад дар чорабинии фарҳангӣ хонандагон бо газетаҳои деворӣ,  маърӯзаҳо дар мавзӯи “ВНМО”, “Нашъа ва оқибати он”, шеърҳо оид ба нашъамандӣ ва тамоку, саҳначаҳо, виктарина, рақсҳои миллӣ, расмҳо  дар мавзӯи нашъамандӣ  баромад намуданд.

Дар ҷамъбаст хонандагони фаъол аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.